Ифтитоҳи намояндагии расмии ширкати Leica Geosystems дар Душанбе

Дар шаҳри Душанбе намояндагии расмии ширкати Leica Geosystems-и Швейтсария ифтитоҳ шуд. Чанде қабл маросими муаррифии таҷҳизоти ширкат доир гардид. Ба гуфтаи директори минтақавии ширкат дар кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ ва коршиноси фаннӣ Эззедин Ҷерби, ҳадаф аз чорабинии мазкур гирдиҳам овардан ва шиносоии намояндагони соҳаҳои гуногуни кишвар бо қарорҳои муҳими ширкат аст, ки ба пурсамар […]


Дар шаҳри Душанбе намояндагии расмии ширкати Leica Geosystems-и Швейтсария ифтитоҳ шуд. Чанде қабл маросими муаррифии таҷҳизоти ширкат доир гардид.

Ба гуфтаи директори минтақавии ширкат дар кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ ва коршиноси фаннӣ Эззедин Ҷерби, ҳадаф аз чорабинии мазкур гирдиҳам овардан ва шиносоии намояндагони соҳаҳои гуногуни кишвар бо қарорҳои муҳими ширкат аст, ки ба пурсамар гардидани кори иҷрошуда, сарфаи вақту восита, таъмини бехатарӣ, беҳбуди сифат ва ба сатҳи нав баровардани нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва ҳамчунин ҷалби технологияҳои пешрафта ба Тоҷикистон кумаку мусоидат мекунанд.

Дар ҷараёни маросими муаррифӣ намунаҳои истифодаи воситаҳо ва технологияҳои ширкати Leica Geosystems дар бахшҳои гуногуни геодезия, харитасозӣ, метрология ва ғайра пешкаши ҳозирин шуданд.

Эззедин Ҷерби зикр кард, ки таҷҳизоти ширкатро ҳамчунин дар бахшҳои зиёди дигари дур аз геодезия ва харитасозӣ, аз ҷумла бахшҳои варзиш, геология, таҳқиқоти илмӣ ва ташхиси судӣ низ метавон пурсамар истифода намуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.