Нигаронии раиси нави Хатлон аз «беназоратӣ»-и лоиҳаҳо дар минтақа

Раиси тозатаъини вилояти Хатлон Давлатшо Гулмамадов супориш дод, ки тамоми лоиҳаҳои дар қаламрави минтақа мавриди амал қарордошта таҳти назорат гирифта шаванд. Дар вохӯрии имрӯза бо фаъолони ноҳияи Бохтар ӯ изҳор намуд, ки дар бораи тамоми лоиҳаҳои дар ин ноҳияи татбиқшаванда саривақт огаҳ шудааст. «Онҳо бояд таҳти назорат қарор дошта бошанд, зеро лоиҳаҳое мавҷуданд, ки гӯиё […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+


Раиси тозатаъини вилояти Хатлон Давлатшо Гулмамадов супориш дод, ки тамоми лоиҳаҳои дар қаламрави минтақа мавриди амал қарордошта таҳти назорат гирифта шаванд.

Дар вохӯрии имрӯза бо фаъолони ноҳияи Бохтар ӯ изҳор намуд, ки дар бораи тамоми лоиҳаҳои дар ин ноҳияи татбиқшаванда саривақт огаҳ шудааст.

«Онҳо бояд таҳти назорат қарор дошта бошанд, зеро лоиҳаҳое мавҷуданд, ки гӯиё татбиқ шудаанд, вале дар амал оид ба ин лоҳаҳо коре ба сомон расонида нашудааст, – иброз дошт раиси вилоят ва ишора кард, ки ин гуна ҳолатҳо дар бахшҳои маорифу тандурустии минтақа ба мушоҳида мерасанд.

Ӯ дар бораи шумори мушаххаси лоиҳаҳои айни замон дар ноҳияи Бохтар амалишаванда маълумот надода, ягон лоиҳаи мушаххасеро ҳам номбар накард, ки дар гуфтаҳои болояш ба он ишора карда буд ва супоришҳо бо суханони умумӣ сурат гирифтанд.

Собиқ раиси шаҳри Турсунзода Давлатшо Гулмамадов санаи 27-уми ноябр ба ҷойи Ғайбулло Афзал, ки ба нафақа баромад, ба вазифаи раиси вилояти Хатлон таъин карда шуд.

Давлатшо Гулмамадов соли 1961 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Хатмкардаи Донишкадаи хоҷагии об ва мелиоратсияи Тошканд мебошад. То таъин ба мансаби раиси шаҳри Турсунзода дар соли 2010, ба ҳайси муовини раиси вилояти Суғд ифои вазифа мекард. Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".