Бо мақсади сазовор истиқбол намудани Соли нави 2014 ва фароҳам овардани шароити мусоиди фарҳангу фароғатии идона барои сокинони шаҳри Душанбе қарори дахлдори раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев ба имзо расид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, чорабиниҳои умумишаҳрӣ 27 декабри соли 2013, соати 10:00 дар мактаб-интернати №1 бо иштироки хонандагони мактаб-интернатҳо; 28 декабри соли 2013, соати 10:00 дар Маҷмааи давлатии “Кохи Ваҳдат” бо иштироки хонандагони аълохон ва фаъоли мактабҳои таҳсилоти умумӣ; 30 декабри соли 2013, соати 10:00 дар Сирки давлатии Тоҷикистон барои кӯдакону наврасон аз табақаҳои ниёзманд; 31 декабри соли 2013 аз соати 19:00 то 21:00 бо иштироки устодони санъат ва ситораҳои эстрадаи тоҷик дар майдони «Дӯстӣ» ва 1 январи соли 2014 бо иштироки дастаҳои ҳунарӣ сайругашти оммавии сокинон дар боғҳои фарҳангу фароғатии ба номи С.Айнӣ, «Дӯстии халқҳо», «Кӯли ҷавонон» ва майдони «800-солагии Москва» баргузор мегарданд.
Ба иттилои манбаъ, аз 28 то 30 декабри соли 2013 дар тамоми бозорҳои шаҳри Душанбе ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва молҳои ниёзи мардумро баргузор мегардад.
«Мақомоти шаҳрдории Душанбе аз ҳамаи корхонаву ташкилотҳои воқеъ дар қаламрави пойтахт даъват мекунад, ки ба ниёзмандону собиқадорони ҷангу меҳнат, нафақахӯрони танҳову барҷомонда, табақаҳои камбизоати аҳолӣ, муассисаҳои махсуси иҷтимоӣ, хона- интернатҳо барои пиронсолону маъюбон ва ятимон, хонандагон аз оилаҳои камбизоат таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда, бобати аёдат ва ҳалли мушкилоти онҳо кӯмаки моддию маънавӣ расонанд», – зикр мегардад дар хабари мақомоти шаҳрдорӣ.
Зимнан зикр мегардад, ки ба муносибати таҷлили ҷашни Соли нави 2014 то 28-уми декабр дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт арчаи солинавӣ гузошта мешавад.





