Ба Кодекси ҷиноии ҶТ тағйирот ворид шуд

Аваз Юлдошев


Дар ҷаласаи имрӯзаи иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати чорум ба Кодекси ҷиноии ҷумҳурӣ тағйирот ворид карда шуд.

Зимни ибрози андеша оид ба ин масъала вакили парлумон Тӯрахон Самадов зикр кард, ки моҳияти тағйирот дар он ифода меёбад, ки дар Тоҷикистон акнун барои содир намудани як қатор ҷиноятҳо амволи ҷинояткорон мусодира мегардад.

«Дар тағйирот мусодираи молу мулки ҷинояткорони дар рабудани нақлиёти ҳавоиву баҳрӣ, роҳи оҳан, порадиҳӣ, тамаъҷӯӣ, убури ғайриқонунии марзи давлатӣ, ҳамла ба намояндагии давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байнулмилалӣ дастдошта пешбинӣ шудааст», – қайд кард вакил.

Бо аксарияти кулли овозҳои намояндагони мардумӣ тағйирот ба Кодекси ҷиноии ҶТ дастгирӣ карда шуд.

Материал доступен на этих языках:

Cхожие материалы

spot_imgspot_img

Популярное

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Последние новости
Свежее

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...