Пешниҳоди Кабирӣ ба вакилон оид ба вохӯриҳои муштарак бо муҳоҷирон

Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили МН гуфт, ки ӯ дар асоси дархости муҳоҷирини тоҷик ба Шӯрои маҷлиси намояндагон, ки дирӯз, 9-уми декабри соли равон баргузор гардид, пешниҳоди вакилӣ ироа намудааст. Бино ба маълумоти сомонаи расмии ҲНИТ, ӯ гуфтааст, ки моҳияти пешниҳод аз он иборат аст, ки аз намояндагони ҳамаи ҳизбҳои парлумонӣ […]

ASIA-Plus


Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили МН гуфт, ки ӯ дар асоси дархости муҳоҷирини тоҷик ба Шӯрои маҷлиси намояндагон, ки дирӯз, 9-уми декабри соли равон баргузор гардид, пешниҳоди вакилӣ ироа намудааст.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии ҲНИТ, ӯ гуфтааст, ки моҳияти пешниҳод аз он иборат аст, ки аз намояндагони ҳамаи ҳизбҳои парлумонӣ вохуриҳои муштарак бо муҳоҷирин дар шаҳру вилоятҳои гуногуни Русия дошта бошанд.

Ин дархости муҳоҷирин ҳангоми сафари ахири ҲНИТ ва вакили Маҷлиси намояндагон ва мулоқотҳои ӯ бо муҳоҷирини тоҷик садо додааст.

Қобили зикр аст, ки Муҳиддин Кабирӣ дар ҳошияи сафари худ барои ширкат дар форуми байналмилалӣ: “Интегратсияи иқтисодии Авруосиё: пешрафтҳо ва чолишҳо”, ки аз тарафи ҳукумати Тотористон дар таърихи 27 ва 28-уми ноябри соли равон дар шаҳри Қазон баргузор гардид, мулоқотҳо бо ҳамватанон дар шаҳрҳои Қазон, Маскав ва Коломнаи Русия анҷом дода буд.

Роҳбари ҲНИТ ҳадаф аз ин пешниҳоди вакилиро чунин шарҳ дод: “Ин пешниҳоди вакилӣ ба роҳбарияти Маҷлиси намояндагон бо он асоснок шудааст, ки дар Русия бештар аз як миллион интихобкунанда кору зиндагӣ мекунад ва мулоқотҳои муштараки вакилон бо онҳо эътимоди бештари мардумро ба мақомоти давлатӣ ба вуҷуд меорад.”

Ӯ афзуд: “Инчунин, сафару мулоқотҳо бо муҳоҷирон боиси шиносоии бештари вакилон аз вазъи душвори муҳоҷирин хоҳад гашт.”

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.