Маҳкумияти корманди Раёсати КДАМ дар ВМКБ барои оташзании манзили модар

Суди ҳарбии гарнизони Хатлон корманди Раёсати Кумитаи давлатии амнияи миллии ҷумҳурӣ дар ВМКБ Отаҷон Наҷбуддиновро барои оташзании манзили модари худ маҳкум кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси суди ҳарбии гарнизони Хатлон Тоир Искандаров хабар дод, Наҷбуддинов мутобиқи моддаҳои 255, қ. 2 (Барқсадона нобуд кардан ва зарар расонидан ба амвол) ва 329 (Таҳдид нисбати кормандони мақомоти […]

Сайраҳмон Назриев


Суди ҳарбии гарнизони Хатлон корманди Раёсати Кумитаи давлатии амнияи миллии ҷумҳурӣ дар ВМКБ Отаҷон Наҷбуддиновро барои оташзании манзили модари худ маҳкум кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси суди ҳарбии гарнизони Хатлон Тоир Искандаров хабар дод, Наҷбуддинов мутобиқи моддаҳои 255, қ. 2 (Барқсадона нобуд кардан ва зарар расонидан ба амвол) ва 329 (Таҳдид нисбати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ)-и КҶ ҶТ гунаҳкор дониста шуда, ба маблағи 200 нишондиҳандаи ҳисоб, ки 8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад ҷаримабандӣ карда шуд.

Тибқи маълумоти маводи парванда, санаи 6-уми августи соли равон Наҷбуддинов дар ҳолати сархушӣ ба манзили зисти модари худ воқеъ дар ҷамоати Ваҳдати ноҳияи Вахш даромада, бо рехтани 1,5 литр бензин ба фарши роҳрав хонаро оташ мезанад.

Бар асари сӯхтор қисмате аз манзилро оташ фаро гирифта, ҳаҷми зиёни расида 3 ҳазор сомониро ташкил дод. Ҳангоме ки кормандони хадамоти отшнишонӣ барои хомӯш кардани сӯхтор ҳозир мешаванд, Наҷбуддинов ба онҳо муқовимат нишон дода, онҳоро мавриди таҳдиду таҳқир ва ба корашон халал мерасонад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.