Бурси 5 млн. еврои KfW ҷиҳати таҷдиди нерӯгоҳи хурд дар дарёи Оқсу

Мутобиқи аҳдномаҳои қаблан мувофиқашудаи гуфтушунидҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон, 10-уми декабри соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо маросими имзои Шартнома оид ба пешниҳоди кумаки молиявӣ (грант) байни Бонки олмонии рушд (KfW), Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати энергетикии Помир («Помирэнержи») баргузор гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва […]

ASIA-Plus


Мутобиқи аҳдномаҳои қаблан мувофиқашудаи гуфтушунидҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон, 10-уми декабри соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо маросими имзои Шартнома оид ба пешниҳоди кумаки молиявӣ (грант) байни Бонки олмонии рушд (KfW), Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати энергетикии Помир («Помирэнержи») баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, шартномаи мазкурро аз ҷониби Тоҷикистон Вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода, Директори кулли ширкати «Помирэнержи» Далер Ҷумъаев ва аз ҷониби Ҷумҳурии Федеролии Олмон роҳбари намояндагии Бонки олмонии рушд дар Тоҷикистон хонум Кристин Лаабс имзо намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки кумаки навбатӣ ба барномаи бахши энергетикӣ «Таҷдиди НБО-и хурд дар дарёи Оқсуи ноҳияи Мурғоб» дар ҳаҷми 5 млн.евро ҷудо карда мешавад.

Дар натиҷаи татбиқи барнома дар назар аст, ки истеҳсоли нерӯи барқ зиёд хоҳад шуд, яъне иқтидори нерӯгоҳ дар давраи зимистон панҷ маротиба ва мавсими тобистон се маротиба афзун мегардад. Ҳамчунин, он имконият медиҳад, ки аҳолии минтақа ба муддати 7 моҳ дар як сол бо нерӯи барқ  мунтазам таъмин карда шаванд. Бо назардошти он ки мавсими гармидиҳӣ дар ноҳия 9 моҳро ташкил медиҳад, чунин нишондод вазъи некӯаҳволии аҳолии маҳаллиро хеле беҳтар менамояд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.