Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ба омӯзгорони макотиби таҳсилоти умумии шаҳри Ваҳдат, ки аз заминларзаи рӯзи 10-уми ноябри соли равон зарар дида буданд, кӯмак кард.
Котиби матбуотии Вазорати мазкур Маҳмудхон Шоев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки бо ташаббуси вазорат макотиби таҳсилоти умумии кишвар ба омӯзгорони осебдидаи Ваҳдат 17 тонна маводи ғизойӣ, аз ҷумла сабзавот, орд, биринҷ, шакар, равғани растанӣ, чой ва дигар анвои маҳсулоти хӯрокворӣ фиристоданд. «Кӯмак ба маҳалли ҳодиса расонида шуда, миёни осебдидагон тақсим карда шуд», – гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, мудири шӯъбаи маорифи шаҳри Ваҳдат Сафаралӣ Камолов ба ОИ «Азия-Плюс» дар мавриди ин масъала изҳор кард, ки бар асари заминларзаи рӯзи 10-уми ноябр 9 манзили зисти омӯзгорон пурра ва 42 манзили онҳо қисман хароб шуданд. «Ғайр аз ин, бинои ду мактаби таҳсилоти умумӣ ва ду мактаби ибтидоӣ низ зарар дида, айни замон толибилмони ин мактабҳо дар дигар муассисаҳои таълимӣ таҳсил доранд», – гуфт ӯ.
Ёдрас мекунем, ки маркази заминларзаи шоми рӯзи 10-уми ноябр деҳаи Андигони ноҳияи Ваҳдат муқаррар шуда буд. Дар маркази заминларза қувваи он 5 балл ва дар шаҳри Душанбе 4 баллро ташкил дод. Бар асари ин офати табиӣ 118 оила бе манзили зист монда, боз 259 хонаи истиқоматӣ қисман валангор гашт. 12 нафар захмҳои гуногун бардоштанд.





