Нақшаи ҷамъоварии пахта 97% иҷро шуд

То аввали ҳафтаи равон хоҷагиҳои пахтакори кишвар ҳудуди 393 ҳазор тонна ҳосили пунбадона ҷамъоварӣ намуданд, ки тақрибан 97%-и нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Тавре аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, кишоварзони вилояти Хатлон аллакай то ахири моҳи октябр зиёда аз 270 ҳазор тонна ҳосили пахта ба даст оварда, аз уҳдаи иҷрои нақша баромада буданд. Ба иттилои […]

ASIA-Plus


То аввали ҳафтаи равон хоҷагиҳои пахтакори кишвар ҳудуди 393 ҳазор тонна ҳосили пунбадона ҷамъоварӣ намуданд, ки тақрибан 97%-и нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.

Тавре аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, кишоварзони вилояти Хатлон аллакай то ахири моҳи октябр зиёда аз 270 ҳазор тонна ҳосили пахта ба даст оварда, аз уҳдаи иҷрои нақша баромада буданд.

Ба иттилои манбаъ, то имрӯз дар вилояти Суғд ҳудуди 113 ҳазор тонна ё худ 95%-и нақша ва дар навоҳии тобеи марказ қариб 12 ҳазор тонна ё худ ҳамагӣ 48%-и нақша ҳосили пахта ҷамъоварӣ шудааст.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзӣ, дар Тоҷикистон имсол дар майдони 192 ҳазор гектар пунбадона кишт шуда, ҷамъоварии беш аз 406 ҳазор тонна ҳосил дар назар аст.

Соли гузашта пунбадона дар майдони ҳудуди 200 ҳазор гектар кишт шуда, 415 ҳазор тонна ҳосил ҷамъоварӣ карда шуд. Аз ин миқдор дар корхонаҳои ресандагиву бофандагии кишвар беш аз 10,2 ҳазор тонна пахта коркард шуд, ки ҳамагӣ 7,7% аз ҳаҷми умумии ҳосили ҷамъовардаро ташкил медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.