Р.Зойиров ба прокуратура муроҷиат карданист

Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров ҷиҳати муайян кардани мақсади имкон надодан ба баргузории конфронси матбуотӣ дар коргоҳаш ва бо супориши кӣ сурат гирифтани ин амал ба мақомоти прокуратура муроҷиат карданист. Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси ҲСДТ дар ин робита изҳор намуд, ки айни замон шахсияти занони ба коргоҳ воридшуда муайян карда мешавад, […]

Меҳрангез Турсунзода


Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров ҷиҳати муайян кардани мақсади

имкон надодан

ба баргузории конфронси матбуотӣ дар коргоҳаш ва бо супориши кӣ сурат гирифтани ин амал ба мақомоти прокуратура муроҷиат карданист.

Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси ҲСДТ дар ин робита изҳор намуд, ки айни замон шахсияти занони ба коргоҳ воридшуда муайян карда мешавад, то ки дар ариза номи онҳо зикр гардад. «Ин занон ғайриқонунӣ ба дафтари корӣ ворид шуда, нагузоштанд, ки брифинг доир гардад ва худи ҳамин аллакай қонуншиканӣ аст, – иброз дошт ӯ. – Мо ҷаласаи Шӯрои сиёсии баргузор намуда, раиси ноҳияи Синоро даъват мекунем ва шахсияти занонро муайян мекунем,ҳ арчанд шахсияти чанде аз онҳо аллакай маълум аст».

Ба гуфтаи ӯ, ҳамаи шахсоне, ки ҳангоми брифинг ба дафтари кории ӯ ворид шудаанд, «гурӯҳи зудамале мебошанд, ки тахминан аз сокинони ноҳияи Сино иборатанд ва чанде аз ин занон дар

гирдиҳамоии назди сафорати ИМА

дар Душанбе ҳузур доштанд».

«Симои ду нафар аз занон бароям хеле шинос намуданд, вале ба хотир оварда наметавонам, ки дар куҷо онҳоро дида будам. Ҳамчунин намояндагони ҳизб ду нафар ҷавононро шинохтанд ва мегӯянд, ки онҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё хадамоти махсуси кишваранд, вале ҳангоми ворид шудан ба дафтари кории мо онҳо сарулибоси мулкӣ ба бар доштанд», – афзуд Зойиров.

Ёдрас мекунем, ки роҳбари ҲСДТ журналистонро барои маълумот додан аз сафараш ба Украина, муддати ду рӯз дар Евромайдон қарор доштану шахсан мушоҳида кардани рӯйдодҳо дар майдони марказии шаҳри Киев гирдиҳам оварда буд, аммо як гурӯҳ занон ба толори барои конфронси матбуотӣ таъингардида ворид шуда, Р.Зойировро ба кӯшиши ташкили ҷанги нави шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон айбдор намуданд.

Муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Амният Абдуланазаров аз имкон надодан ба баргузории конфронси матбуотии раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров

изҳори норозигӣ кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.