Боздиди ҳайати АНМН аз манотиқи Русия

Рӯзи 9-уми декабри соли ҷорӣ  дар доираи сафари хизматии худ ба шаҳрҳои Федератсияи Россия ҳайати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ зери роҳбарии Директор генерал –лейтенанти милитсия Р. Назаров бо сардори Раёсати Хадамоти Федеролии назорати маводи нашъаовари вилояти Свердловскии Федератсияи Россия генерал-лейтенанти  политсия Михаил  Каган вохӯрӣ гузаронид. Бино ба иттилои шуъбаи робита о ҷомеаи […]

ASIA-Plus


Рӯзи 9-уми декабри соли ҷорӣ  дар доираи сафари хизматии худ ба шаҳрҳои Федератсияи Россия ҳайати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ зери роҳбарии Директор генерал –лейтенанти милитсия Р. Назаров бо сардори Раёсати Хадамоти Федеролии назорати маводи нашъаовари вилояти Свердловскии Федератсияи Россия генерал-лейтенанти  политсия Михаил  Каган вохӯрӣ гузаронид.

Бино ба иттилои шуъбаи робита о ҷомеаи Агентӣ, дар  вохӯрӣ масъалаҳои ташкили ҳамкориҳо дар самти бастани роҳҳои қочоқи маводи нашъаовар аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россия, табодули ахбори оперативӣ,  ҳамкории дуҷониба дар мубориза бо гурӯҳҳои мутташакили ҷиноӣ баррасӣ шуданд.

Инчунин дар доираи сафари хизматии худ роҳбари Агентӣ бо раисони  ҷамъиятҳои тоҷикони муқими вилояти Сведловск вохӯрӣ  баргузор намуд. 

Дар вохӯрӣ таҷрибаи пешқадами ҳамкорӣ бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи минтақа, дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманди  байни минтақавӣ ва байнидавлатӣ  дар ояндаи наздик ва дурр муайян карда шуданд.

Сафари ҳайати Агентӣ ба Федератсияи Россия идома дорад. Имрӯз вохӯриҳои ҳайат бо намояндагони мақомоти иҷрояи ҳокимияти маҳаллӣ, роҳбарони Раёсатҳои ХФНМ, вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Тюмен, инчунин бо  ташкилоти ҷамъиятии минтақавии «Маркази фарҳангии тоҷикон «Пайванд»» ба нақша гирифта шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.