Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Покистон дар бахши сармоягузорӣ

Санаи 9-уми декабри соли равон раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ  Қодири Қосим бо сафири Покистон дар Тоҷикистон ҷаноби Амҷад Ҳусайн мулоқот анҷом дод. Дар рафти мулоқот ҳамкориҳои дуҷонибаи тарафайн дар самти сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи мазкур, Қодири Қосим, ҷаноби Амҷад […]

ASIA-Plus


Санаи 9-уми декабри соли равон раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ  Қодири Қосим бо сафири Покистон дар Тоҷикистон ҷаноби Амҷад Ҳусайн мулоқот анҷом дод. Дар рафти мулоқот ҳамкориҳои дуҷонибаи тарафайн дар самти сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи мазкур, Қодири Қосим, ҷаноби Амҷад Ҳусайнро дар сарзамини Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, бо қаноатмандӣ афзуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон дорои иқтидор ва имкониятҳои зиёди рушди муносибатҳои иқтисодию сармоягузорӣ мебошанд.

Раиси Кумита ба меҳмони олиқадр доир ба сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкории ҷумҳурӣ, маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Қайд карда шуд, ки тайи солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон махсусан президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва самоягузории Тоҷикистону Ҷумҳурии Исломии Покистон тақвият ёфта истодааст.

Амҷад Ҳусайн дар навбати худ зикр намуд, ки ҳамчун сафири кишвари худ дар Тоҷикистон барои беҳбудӣ ва мустаҳкамсозии муносибатҳои дӯстона ва шарикона миёни ҷонибҳо кӯшиш ба харҷ хоҳад дод.

Дар фарҷоми вохӯрӣ тарафҳо баҳри ривоҷу равнақ додани ҳамкориҳои тиҷоратию сармоягузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломиии Покистон омодагӣ ва ҳавасмандии худро баён намуда, Раиси Кумита ба ҷаноби сафир бастаи маводҳои таблиғотиро, ки дар худ маълумоти муфассал оид ба қонунгузории ҷории танзимкунандаи фаъолияти сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, тавсифномаи кутоҳи лоиҳаҳои самоягузорӣ, имконият ва иқтидорҳои сармоягузорӣ ва дигар маълумоти зарурӣ дорост пешниҳод намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.