Вохӯрии вазири корҳои хориҷии ҶТ бо муовини аввали дабири кулли СММ

Чанде қабл дар шаҳри Ню-Йорк мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо Муовини аввали Дабири кулли СММ Ян Элиасcон доир шуд. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни вохӯрӣ Ян Эллиасон аз номи Дабири кулли СММ, ки дар айни ҳол ба Африқои Ҷанубӣ сафар дорад, Сироҷиддин Асловро ба муносибати таъйин гардидан ба […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар шаҳри Ню-Йорк мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо Муовини аввали Дабири кулли СММ Ян Элиасcон доир шуд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни вохӯрӣ Ян Эллиасон аз номи Дабири кулли СММ, ки дар айни ҳол ба Африқои Ҷанубӣ сафар дорад, Сироҷиддин Асловро ба муносибати таъйин гардидан ба вазифаи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, орзуҳои некро дар ҷодаи наву пурмасъул таманно намуд.

Муовини аввали Дабири кулл зимни сӯҳбат тазаккур дод, ки Тоҷикистон тайи солҳои охир дар таҳкими рӯзномаи оби СММ, аз ҷумла Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013, саҳми муҳимму созанда гузоштааст. Ян Эллиасон саъйю кӯшишҳои Тоҷикистонро дар тақвият бахшидани амалҳо дар ҳалли масоилу чолишҳои дигари замона, ба монанди тағйирёбии иқлим, таъмини дастрасӣ ба энергияи устувор, коҳиш додани камбизоатӣ ва дигар мусбат арзёбӣ кард.

Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов зимни мулоқот тайид намуд, ки ҳамкории самараноку бисёрҷанбаи Тоҷикистон ва СММ ҷиҳати ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли масоилу мушкилоти замона ва минтақа минбаъд низ идома хоҳад ёфт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.