Таҷдиди хоҷагиҳои бузурги деҳқонии вилояти Суғд

Давоми моҳҳои декабри соли равон ва январи соли 2014 хоҷагиҳои деҳқонии калонҳаҷме, ки беш аз 10 гектар замини корами обӣ доранд, таҳти таҷдид қарор хоҳанд гирифт. Ин нукта зимни ҷаласаи кории и.в Раиси  вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, ки аввали ҳафта бо иштироки муовинони Раиси вилоят, масъулини дастгоҳи Раиси вилоят, роҳбарони як қатор идораҳои вилоятӣ, раисони […]

ASIA-Plus


Давоми моҳҳои декабри соли равон ва январи соли 2014 хоҷагиҳои деҳқонии калонҳаҷме, ки беш аз 10 гектар замини корами обӣ доранд, таҳти таҷдид қарор хоҳанд гирифт.

Ин нукта зимни ҷаласаи кории и.в Раиси  вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, ки аввали ҳафта бо иштироки муовинони Раиси вилоят, масъулини дастгоҳи Раиси вилоят, роҳбарони як қатор идораҳои вилоятӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо ва коршиносони варзидаи соҳаи кишоварзӣ баргузор шуд, зикр гардид.

Бино ба иттили хадамоти матбуоти раиси виояти Суғд, дар ҷаласаи корӣ Қарори нав ба тасвиб расидаи и.в Раиси вилоят «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба азнавташкилдиҳӣ ва таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷми кишоварзии вилояти Суғд» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зикр гардид, ки имрӯз дар ҳудуди вилоят 3 ҳазору 309 хоҷагиҳои деҳқонӣ ва кооперативҳои кишоварзии беш аз 10 гектар замини корами обӣ дошта вуҷуд доранд ва шумораи саҳмдорони он ба 235 ҳазору 769 нафар баробар мебошад. Абдураҳмон Қодирӣ изҳор дошт, ки вобаста ба талаботи замон ва бо мақсади таъмини соҳаи кишоварзии сердаромади тамоюли содиротӣ дошта, инчунин баланд бардоштани некуаҳволии мардум бояд хоҷагиҳои деҳқонии калонҳаҷм таҷдид шаванд.

Абдураҳмон Қодирӣ ҳамчунин изҳор дошт, ки дар ҷараёни гузаронидани ислоҳоти замин таваҷҷӯҳи асосӣ ба ташкили хоҷагиҳои деҳқонии оилавӣ ва инфиродӣ равона карда мешавад.

Ҳамчунин эҳёи саноати сабук ва таъсиси ҷойҳои корӣ, навсозии роҳҳои дохилӣ дар заминаи соли роҳҳои обод, ҷамъбасти нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоии соли ҷорӣ аз умдатарин масъалаҳое буданд, ки зимни баргузории ҷаласа мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.