Давоми моҳҳои декабри соли равон ва январи соли 2014 хоҷагиҳои деҳқонии калонҳаҷме, ки беш аз 10 гектар замини корами обӣ доранд, таҳти таҷдид қарор хоҳанд гирифт.
Ин нукта зимни ҷаласаи кории и.в Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, ки аввали ҳафта бо иштироки муовинони Раиси вилоят, масъулини дастгоҳи Раиси вилоят, роҳбарони як қатор идораҳои вилоятӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо ва коршиносони варзидаи соҳаи кишоварзӣ баргузор шуд, зикр гардид.
Бино ба иттили хадамоти матбуоти раиси виояти Суғд, дар ҷаласаи корӣ Қарори нав ба тасвиб расидаи и.в Раиси вилоят «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба азнавташкилдиҳӣ ва таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷми кишоварзии вилояти Суғд» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зикр гардид, ки имрӯз дар ҳудуди вилоят 3 ҳазору 309 хоҷагиҳои деҳқонӣ ва кооперативҳои кишоварзии беш аз 10 гектар замини корами обӣ дошта вуҷуд доранд ва шумораи саҳмдорони он ба 235 ҳазору 769 нафар баробар мебошад. Абдураҳмон Қодирӣ изҳор дошт, ки вобаста ба талаботи замон ва бо мақсади таъмини соҳаи кишоварзии сердаромади тамоюли содиротӣ дошта, инчунин баланд бардоштани некуаҳволии мардум бояд хоҷагиҳои деҳқонии калонҳаҷм таҷдид шаванд.
Абдураҳмон Қодирӣ ҳамчунин изҳор дошт, ки дар ҷараёни гузаронидани ислоҳоти замин таваҷҷӯҳи асосӣ ба ташкили хоҷагиҳои деҳқонии оилавӣ ва инфиродӣ равона карда мешавад.
Ҳамчунин эҳёи саноати сабук ва таъсиси ҷойҳои корӣ, навсозии роҳҳои дохилӣ дар заминаи соли роҳҳои обод, ҷамъбасти нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоии соли ҷорӣ аз умдатарин масъалаҳое буданд, ки зимни баргузории ҷаласа мавриди муҳокима қарор гирифтанд.





