Дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency Dushanbe» бо иштироки намояндагони беш аз 40 ширкат аз рӯи натиҷаи озмуни ҷумҳуриявии «Қуллаи шараф» маросими супоридани ҷоизаҳои «Бренди сол – 2013» баргузор гардид.
Аз 44 иштирокчии озмун ба 12 ширкат дипломҳо ва ба 32 ширкати боқимонда ҷоизаҳои тилло, нуқра ва биринҷии озмун супурда шуданд. Ба ҷоизаи тилло 11 ширкат ва бренди онҳо, ба ҷоизаи нуқра 13 ширкат ва ба ҷоизаи биринҷӣ 8 ширкат сазовор дониста шуданд.
Зимни суханронӣ дар маросими мазкур вазири рушди иқтисод ва садои ҷумҳурӣ Шариф Раҳимзода изҳор намуд, ки имрӯз дар рушди иқтисод бахши хусусӣ нақши бузургро доро буда, изҳори умедворӣ намуд, ки қадрдонии ширкатҳо баҳри минбаъд рушду саҳмгузории онҳо дар ин самт такони ҷиддӣ мебахшад.
Дар чорабинӣ доираи васеи бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, намояндагони ширкатҳо ва ташкилотҳо ширкат варзиданд. Ҳадафи асосии озмун ҳавасмандгардонии ширкатҳо оид ба истифодабарӣ ва пешбурди Бренди худ мебошад.



