Сарулибоси ягона ба имомхатибони Хатлон ба ивази маоши аввал


Аз оғози соли оянда 130 нафар имомхатибони вилояти Хатлон бо музди меҳнат таъмин гардида, маросимҳои диниро бо сарулибоси ягона мегузаронанд.

Мудири шуъбаи умури дин, риояи анъана ва расму оинҳои минтақаи Кӯлоб Шариф Абдулҳамидов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳаҷми музди меҳнати имомхатибони 18 масҷиди ҷомеъ (марказӣ) ва 112 масҷиди намози панҷгона (ба намози ҷумъа иҷозат дода мешавад) ҳоло мушаххас нест, вале аллакай маълум аст, ки ба ивази музди меҳнати аввал ба имомхатибон сарулибоси ягона дода мешавад.

Ба қавли ӯ, як миқдор сарулибоси ягона барои имомхатибон дар яке аз корхонаҳои дӯзандагии шаҳри Душанбе омода гардидааст. «Устоҳои корхона 3 навъи сарулибоси ягона барои имомхатибонро омода намуда, акнун лозим аст, ки яке аз онҳоро интихоб намуд», – зикр кард Абдулҳамидов.

Ёдрас мекунем, ки айни замон дар вилояти Хатлон 1 ҳазору 720 масҷид ва макони ибодат амал мекунанд.

spot_imgspot_img

Популярное