Сафири Русия: Тоҷикистон ба ҳамгиройӣ бо ҳама гуна иттиҳоде ҳуқуқ дорад

– Изҳороти зиддирусиягӣ ба муносибатҳои мутақобилаи Русияву Тоҷикистон таъсири мусбат расонида наметавонанд, – изҳор дошт сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов дар посух ба ибрози андешаи роҳбари фонди ҷамъиятии «Индем» Саймуддин Дӯстов зимни кори конфронси байнулмилалӣ таҳти унвони «Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ: ҷанбаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарии ҳамгиройии авруосиёӣ», ки имрӯз дар Душанбе баргузор […]

Заррина Эргашева


– Изҳороти зиддирусиягӣ ба муносибатҳои мутақобилаи Русияву Тоҷикистон таъсири мусбат расонида наметавонанд, – изҳор дошт сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов дар посух ба ибрози андешаи роҳбари фонди ҷамъиятии «Индем» Саймуддин Дӯстов зимни кори конфронси байнулмилалӣ таҳти унвони «Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ: ҷанбаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарии ҳамгиройии авруосиёӣ», ки имрӯз дар Душанбе баргузор шуд.

Зимни ибрози андеша Дӯстов мавқеи худ нисбати муносибатҳои Тоҷикистону Русияро иброз дошта, зикр кард, ки ҷанги бензиниву коксии роҳандозишуда алайҳи Тоҷикистон аз ҷониби Русия аз 1-уми апрели соли 2010 ба иқтисоди Тоҷикистон 1 млрд. 200 млн. доллари ИМА зиён овард. «Зиёни ғайримустақим ба иқтисоди Тоҷикистонро касе ҳисобу китоб накардааст», – гуфт ӯ.

«Айни замон аллакай аз ҷониби гурӯҳи Дерипаска ба Тоҷикистон дар мавриди аз фаъолият бозмондан ва минбаъд ғасби корхонаи алюминии тоҷик (ТАЛКО) ҷанг эълон шудааст. Касе аз коршиносон медонад ё на, вале тайи ду моҳи ахир дар Гурҷистону Озарбойҷон ҷиҳати боздоштани қатораҳо бо ашёи хом барои истеҳсоли алюминий дар Тоҷикистон кӯшишҳо ба харҷ дода шуданд, то ки корхонаи алюминии Тоҷикистон аз фаъолият бозмонад», – изҳор дошт Дӯстов.

Ӯ бар ин назар аст, ки «ҳамлаҳои иттилоотӣ дар ВАО-и Русия ба Тоҷикистон, тоҷикон ҳамчун миллат ва ба сарвари давлати тоҷикон яке аз сабабҳоест, ки ҳеҷ гуна ҳамгиройие сурат гирифта наметавонад».

«Натиҷааш таҳқиқотест, ки ба Тоҷикистон некхоҳона назар доштани ҳамагӣ 1%-и русиягиҳоро нишон дод. Ин ҷо ман дар бораи ба тоҷикон иваз шудани чукчаҳо дар фолклори Русия ҳарфе намегӯям. Лагерҳои нигаҳдориву наворбардориҳои муҳоҷирон тавассути ҳамаи шабакаҳои телевизионӣ. Ҳамаи ин гувоҳи он аст, ки дар Русия ҳеҷ гуна стратегияи миллӣ вуҷуд надорад», – зикр кард Дӯстов.

Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов дар посух ба андешаҳои Дӯстов ба асоси воқеӣ доштани ин изҳорот шубҳа намуд. «Ба гумони ман, чунин изҳорот комилан моҷароҷӯёна буда, дар муносибатҳои ду кишвар ҳисси бадбинӣ ва нобоварӣ ба вуҷуд меоранд. Ман фикр доштам, ки ҳамгиройӣ дар андешаи чанде аз иштирокчиёни конфронс ҷой дорад, ин қарори ихтиёрии ҳар як кишвар аст ва чӣ гунае, ки мехоҳанд, бигзор ҳамон тавр амал кунанд. Агар Тоҷикистон ё шахсоне, ки ибрози андеша намуданд, бо Афғонистон, ИМА ҳамбастагӣ хоҳанд, ин ҳуқуқи шумост, балки на ҳуқуқи шумо, чунки шумо манфиати ин кишварро намояндагӣ намекунед, намояндаи раҳбарияти ин давлат нестед ва ин танҳо ибрози андешаи сиёсатмадорон ё коршиносони алоҳида ва на он қадр боодобу мулоҳизакор аст», – иброз дошт дипломати русиягӣ.

Дар ин робита сафири Русия таъкид дошт, ки дар субатҳо бо мақомоти раҳбарии Тоҷикистон масъалагузорӣ ва оҳанги гуфтор тамоман дигар аст. «Ман аз изҳороти ҳозир шунидаам дар ҳайратам. Агар бо Русия ё кишвари дигаре ҳамбастагӣ нахоҳед, ин ҳуқуқи шумост. Ҳамон гунае, ки мехоҳед, ҳамон тавр рафтор кунед», – гуфт ӯ.

Дар мавриди масъалаи ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба иттиҳодҳои ҳамгиройӣ, аз қабили Иттиҳоди гумрукӣ сафири Русия чунин ибрози андеша намуд, ки ба Тоҷикистон таҳлили фоида ва талафот аз узвият ба ин иттиҳод зарур буда, танҳо баъди он мебояд ба хулоса расиду тасмиме гирифт. «Аз ба Иттиҳоди гумрукӣ пайвастани Қирғизистон таҷриба мебояд андӯхт ва танҳо баъди он мебояд ба хулосаи ниҳоӣ расид», – зикр кард сафир.

Дар робита ба масоили муҳоҷират Лякин Фролов қайд кард, ки айни замон дар қаламрави Русия беш аз 12 млн. нафар муҳоҷирон қарор доранд, ки аксарашон ғайриқонунӣ ба Русия ворид мешаванд. «Муҳоҷирони ғайриқонунии дар қаламрави Русия қарордошта бори гароне барои буҷети Русия мебошанд, ки онро ҳукумати Русия ба дӯш мегирад. Инро ҳам мебояд ба инобат гирифт», – афзуд дипломати Русия.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.