Сарулибоси ягона ба имомхатибони Хатлон ба ивази маоши аввал

Аз оғози соли оянда 130 нафар имомхатибони вилояти Хатлон бо музди меҳнат таъмин гардида, маросимҳои диниро бо сарулибоси ягона мегузаронанд. Мудири шуъбаи умури дин, риояи анъана ва расму оинҳои минтақаи Кӯлоб Шариф Абдулҳамидов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳаҷми музди меҳнати имомхатибони 18 масҷиди ҷомеъ (марказӣ) ва 112 масҷиди намози панҷгона […]

Турко Дикаев


Аз оғози соли оянда 130 нафар имомхатибони вилояти Хатлон бо музди меҳнат таъмин гардида, маросимҳои диниро бо сарулибоси ягона мегузаронанд.

Мудири шуъбаи умури дин, риояи анъана ва расму оинҳои минтақаи Кӯлоб Шариф Абдулҳамидов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳаҷми музди меҳнати имомхатибони 18 масҷиди ҷомеъ (марказӣ) ва 112 масҷиди намози панҷгона (ба намози ҷумъа иҷозат дода мешавад) ҳоло мушаххас нест, вале аллакай маълум аст, ки ба ивази музди меҳнати аввал ба имомхатибон сарулибоси ягона дода мешавад.

Ба қавли ӯ, як миқдор сарулибоси ягона барои имомхатибон дар яке аз корхонаҳои дӯзандагии шаҳри Душанбе омода гардидааст. «Устоҳои корхона 3 навъи сарулибоси ягона барои имомхатибонро омода намуда, акнун лозим аст, ки яке аз онҳоро интихоб намуд», – зикр кард Абдулҳамидов.

Ёдрас мекунем, ки айни замон дар вилояти Хатлон 1 ҳазору 720 масҷид ва макони ибодат амал мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.