Имсол хизматгузории минтақаҳои истироҳат 25% гарон шуд

Аз оғози сол арзиши хизматгузориҳо ба аҳолии Тоҷикистон ба андозаи 0,6% боло рафтанд. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар зарфи 11 моҳи соли равон арзиши хизматгузориҳо дар муассисаҳои фароғативу истироҳат ва осоишгоҳҳо – 25%, ҳаммом ва макони оббозӣ – 16,1%, берун баровардани партовҳои маишӣ – 7,3%, таъмири пойафзолу сартарошхонаҳо – 3,5%, аксбардорӣ […]

ASIA-Plus


Аз оғози сол арзиши хизматгузориҳо ба аҳолии Тоҷикистон ба андозаи 0,6% боло рафтанд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар зарфи 11 моҳи соли равон арзиши хизматгузориҳо дар муассисаҳои фароғативу истироҳат ва осоишгоҳҳо – 25%, ҳаммом ва макони оббозӣ – 16,1%, берун баровардани партовҳои маишӣ – 7,3%, таъмири пойафзолу сартарошхонаҳо – 3,5%, аксбардорӣ – 1,3% ва хушкашӯи (химчистка) – 1% афзудаанд.

Дар баробари ин дар маълумоти Агентии омор зикр мегардад, ки дар ин давра коҳиши нархҳо ба гази моеъ ба андозаи 4,3%, арзиши роҳкиро дар роҳи оҳан – 3,2% ва роҳкиро ба нақлиёти ҳавоӣ ба миқдори 0,4% ба қайд гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, тӯли 11 моҳи соли равон сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 3,4%-ро ташкил дода, дар ин давра арзиши маҳсулоти ғизойӣ – 2,8% ва маҳсулоти ғайриғизоӣ – 6,1% боло рафтааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.