Давоми 11 моҳ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 3,7% афзуд

Дар давоми моҳҳои январ-ноябри соли равон дар Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди 8 млрд.  757 млн. сомонӣ (беш аз 1,8 млрд. $) маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд. Тавре аз Агентии омори назди президенти ҶТ иттилоъ доданд, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 3,4% зиёдтар аст. Дар Агентӣ афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро […]

ASIA-Plus


Дар давоми моҳҳои январ-ноябри соли равон дар Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди 8 млрд.  757 млн. сомонӣ (беш аз 1,8 млрд. $) маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд.

Тавре аз Агентии омори назди президенти ҶТ иттилоъ доданд, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 3,4% зиёдтар аст.

Дар Агентӣ афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро дар навбати аввал ба афзоши ҳаҷми истеҳсол дар корхонаҳои Вазорати энергетика ва саноат нисбат медиҳанд.

Дар ҳаҷми умумии истеҳсолоти саноатӣ ҳисссаи саноати истихроҷ – 11,6, саноати коркард – 68,7 ва истеҳсолу тақсимоти нерӯи барқу газ ва об – 19,7%-ро ташкил додааст.

Аз 90 навъи маҳсулоти саноатии муҳим тӯли 11 моҳи соли ҷорӣ дар 47 номгӯи он (52,2%) истеҳсоли ҳаҷми маҳсулот афзоиш ва дар 30 номгӯй (33,4%) истеҳсоли он коҳиш ёфта, 13 номгӯи маҳсулот (14,4%) истеҳсол нашудаанд.

Дар ҳамин ҳол, дар маълумоти Агентии омор таъкид мешавад, ки бинбар сабаби камбуди гази табиӣ, чанде аз корхонаҳои бузурги саноатии кишвар, аз ҷумла КВД «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО) ва ҶСК «Тоҷиксемент» бо иқтидори пурра фаъолият накарда, корхонаи муштараки «Азот» комилан аз фаъолият бозмонда буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.