Нооромии навбатӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

spot_imgspot_img

Дата:


Рӯзи 17-уми декабр дар мавзеи Оқ-Сойи ноҳияи Ботканд, наздикии марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар як сохтмони бинои бӯстонсарои мутааллиқ ба шаҳрванди Қирғизистон сӯхтор ба амал омад.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеа ва ВАО-и Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон, сокинони мавзеъ шаҳрвандони Тоҷикистонро дар сар задани ин сӯхтор гумонбар дониста, дар ин робита шаҳрвандони ҳарду кишвар роҳи мошингарди Исфара-Ворухро бастаанд ва аз ҳарду ҷониб издиҳоми иборат аз ҳудуди 200 нафар ба мушоҳида мерасидааст.

Дар хабари хадамот зикр мегардад, ки ҷиҳати ошкор кардани сабаби сӯхтор айни замон дар Оқ-Сой гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ машғули кор буда, вазъ дар ин қитъаи марзи давлатиро ҳайати шахсии гурӯҳи марзбонони Ботканд дар ҳамдастӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ назорат мекунанд.

«Бо мақсади ба эътидол овардани вазъ, имрӯз вохӯрии намояндагони Қирғизистону Тоҷикистон дар сатҳи намояндагони ваколатдор дар вилояти Ботканди Қирғизистон ва вилояти Суғди Тоҷикистон бо иштироки кормандони мақомоти қудратии ҳарду кишвар дар назар аст», – гуфта мешавад дар хабар.

Дар ҳамин ҳол, котиби матбуотии раиси шаҳри Исфара Иқбол Тешаев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки айни замон раиси шаҳр Даврон Зоҳидов ва муовини аввали раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов дар вилояти Ботканди кишвари ҳамсоя қарор дошта, ҷиҳати ҳалли мусолиматомези масъала гуфтушунид доранд. «Ман мушаххасан гуфта наметавонам, ки чӣ миқдор одамон роҳро банд кардаанд, вале роҳи Исфара – Ворух дарвоқеъ ҳам баста аст», – тасдиқ намуд Тешаев.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...