Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни байналмилалии сенарияҳо аз рӯи афсона, ривоят ва ҳаммосаҳои халқхои Осиё таҳти унвони «Санъати афсонагӯӣ» баргузор гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ, се сол инҷониб бо иқдоми Вазорати фарҳанг, варзиш ва туризми Ҷумҳурии Корея дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанг, иттилоот ва туризми Ҷумҳурии Қазоқистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати оид ба корҳои фарҳанг ва варзиши ҷумҳуриҳои Қирғизистон ва Ӯзбекистон озмуни байналмилалии сенарияҳо аз рӯи афсона, ривоят ва ҳаммосаҳои халқхои Осиё таҳти унвони «Санъати афсонагӯӣ» эълон карда шудааст, ки ҳадафи асосии он дарёфти асарҳои саҳнавии дорои арзишҳои баланди фарҳангӣ ба хотири таҳкими ҳамкориҳои кишварҳои Осиё дар ҷодаи санъати театрӣ ва филмофарӣ мебошад.
Мавриди зикр аст, ки соли 2011 Ҷумҳурии Қирғизистон бо сенарияи филми ҳунарии «Ашки духтари ҷасур», соли 2012 Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо сенарияи филми ҳунарии «Алпомиш» Шоҳҷоизаи Кумитаи Осиёгии Озмунро соҳиб шуданд.
Ба иттилои манбаъ, имсол ба гирифтани Шоҳҷоизаи Озмун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон муаллифони сенарияи спектакли «Мақсуд зи ҷумла офариниш моем» («Конечная цель всего творения мы») Азим Аминов ва Олим Салимзода мушарраф гаштанд.
Асар дар асоси рубоиёти фалсафӣ ва ҳикматомӯзи суханвари мумтози тоҷик Умари Хайём офарида шуда, ғановати бемисли адабиёти гузаштаи миллати моро барои ҷаҳониён муаррифӣ мекунад.
Ҳамчунин дар Озмуни мазкур шоир, нависанда ва драматурги тоҷик Садрӣ Умар бо сенарияи филми ҳунарии «Чамбули мастон» ғолиби Озмун дониста шуд. Мавриди зикр аст, ки Садрӣ Умар дар солҳои 2011 ва 2012 низ бо сенарияҳои спектакли «Гӯрзод» ва филми ҳунарии «Тифле дар чанголи уқоб» дар озмун иштирок намуда, ҷойи худро дар сафи ғолибон ишғол намуд.
Озмуни байналмилалии «Санъати афсонагӯӣ» соли 2014 низ идома ёфта, баргузории навбатии ниҳоии он дар шаҳри Душанбе дар назар дошта шудааст.



