Тасдиқи Созишномаи будубоши шаҳрвандони тоҷик дар Русия дар Думаи давлатӣ


Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи равон Думаи давлатии Русия Созишнома миёни Русияву Тоҷикистон дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русяиро ба тасвиб расонид. Ин созишномаро ҷонибҳо 8-уми феврали соли 2013 дар Маскав ба имзо расонида буданд.

Намояндаи расмии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод ба ОИ «Азия-Плюс» дар шарҳи ин масъала изҳор намуд, ки дар санади мазкур ба шаҳрвандони тоҷик, ки муваққатан ба қаламрави Русия ворид мешаванд, ҳуқуқ дода шудааст, ки бидуни сабт дар мақомоти салоҳиятдори Русия, муддати 15 рӯз аз санаи вуруд шудан дар қаламрави ин кишвар қарор дошта бошанд.

«Ин муҳлат қаблан 7 рӯз муқаррар шуда, акнун нисбат ба дигар шаҳрвандони хориҷӣ тоҷикистониён бидуни қайд 6 рӯз бештар дар қаламрави Русия иқомат карда метавонанд», – иброз дошт ӯ.

Эгамзод бар ин назар аст, ки тасдиқи созишнома ба муҳоҷирони кории тоҷик шароити бештар мусоид фароҳам меоварад. «Ҳадди ақал, ҳамватанони мо барои қонунӣ гардонидани будубоши худ дар қаламрави ин кишвар вақти бештаре дар ихтиёр хоҳанд дошт», – гуфт намояндаи расмии сафорат.

Муҳаммад Эгамзод мутмаин аст, ки ин иқдом ба таҳкими рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар бахши муҳоҷират мусоидат хоҳад намуд.

spot_imgspot_img

Популярное