АНМН: Мусодираи 93 кило мухаддирот ва муҳимоти ҷангӣ


Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар қаламрави кишвар якчанд амалиёти муассир гузарониданд, ки дар натиҷаи онҳо канали интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон баста шуд.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, аз муомилоти ғайриқонунӣ миқдори калони маводи мухаддир ва муҳимоти ҷангӣ мусодира карда шуд. Амалиёти якум дар ҳудуди шаҳри Душанбе бо истифода аз усули “таҳвили назоратшаванда” гузаронида шуд.Яъне, дар ҳудуди пойтахт аз ҷониби кормандони оперативӣ 2 кило афюн гирифта шуд.

Ба иттилои манбаъ, амалиёти дигар аз ҷониби кормандони АНМН дар ноҳияи наздисарҳадӣ бо ҶИА – ноҳияи Шуроободи вилояти Хатлон сурат гирифт. Дар ҷараёни  амалӣ намудани маълумоти оперативӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ зиёда аз 91 кило бангдона, як дона гранатаи (буми) дастӣ РГД-5 ва тирҳои автомати Калашников мусодира гардиданд.

Зимнан зикр гардид, ки барои ҷинояти содиршуда шаҳрванди 39 солаи ҶТ дастгир карда шуд.Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ боз шуда, ашхоси дастгиршуда ба тавқифгоҳи муваққатии АНМН ба ҳабс гирифта шуданд.Оид ба дастгир кардани  ҳамаи шарикони дар ҷиноятҳои мазкур дастдошта, чораҳо андешида мешаванд.

spot_imgspot_img

Популярное