Ба рӯзномаи ҷаласаи имрӯзаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ масъалаи хориҷ кардани вакил Амирбек Маҳмадалиев аз ҳайати палатаи поёнии парлумон ворид карда шудааст.
Имрӯз ӯ ҳамчунин аз ҳайати кумитаи парлумон оид ба масоили иҷтимоӣ, оила ва тандурустӣ низ хориҷ карда мешавад.
Ёдрас мекунем, ки дар робита бо фармони президенти мамлакат бобати ба вазифаи раиси ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон таъин шудани вакили палатаи поёнии парлумон Амрибек Маҳмадалиев, ӯ ваколатҳои худ дар МНМО ҶТ-ро месупорад.
Вакили МНМО ҶТ аз ҳавзаи интихоботии Сомонии шаҳри Душанбе, узви фраксияи ҲХДТ Марҳабо Ҷабборова низ ахири моҳи ноябр бинобар сабаби таъин шуданаш ба мансаби муовини нахуствазир аз ҳайати МНМО ҶТ хориҷ мегардад.
Дар ҳамин ҳол, Комиссияи марказии интихоб ва раъйпурсии Тоҷикистон то ҳанӯз санаи баргузории интихобот ба ҷойи вакилони аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ хориҷшударо муқаррар накардааст.



