Ба «Агроинвестбонк» роҳбари нав таъин шуд

Роҳбари яке аз бонкҳои бузурги ҷумҳурӣ – ҶСК «Агроинвестбонк» иваз шуд. Дар ин мансаб Алишер Солиевро собиқ муовини аввали вазири кишоварзӣ Суюнхон Рустамов иваз кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз бонки мазкур хабар доданд, Суюнхон Рустамов дар асоси қарори Шӯрои нозирони бонк, ки онро мушовири давлатии президенти ҷумҳурӣ оид ба сиёсати иқтисодӣ Фаррух Ҳамралиев сарварӣ […]

Заррина Эргашева


Роҳбари яке аз бонкҳои бузурги ҷумҳурӣ – ҶСК «Агроинвестбонк» иваз шуд. Дар ин мансаб Алишер Солиевро собиқ муовини аввали вазири кишоварзӣ Суюнхон Рустамов иваз кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз бонки мазкур хабар доданд, Суюнхон Рустамов дар асоси қарори Шӯрои нозирони бонк, ки онро мушовири давлатии президенти ҷумҳурӣ оид ба сиёсати иқтисодӣ Фаррух Ҳамралиев сарварӣ мекунад, ба ин мансаб таъин гардид.

Ба ҳайати Шӯрои нозирони бонк ҳамчунин муовини аввали вазири молия Ҷамолиддин Нуралиев, роҳбари мудирияти муносибатҳои байнулмилалӣ, ҳисоботи молиявӣ ва таҳлили ҶСК «Агроинвестбонк» Муҳаммадӣ Бобоев, мушовири иқтисодӣ оид ба Осиёи Марказии Вазрати рушди байнулмилалии Британияи Кабир дар Тоҷикистон дар назди сафоратхонаи Британияи Кабир дар ҶТ Собир Қурбонов ва муовини ректор оид ба корҳои илмии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон Илҳомиддин Иброҳимов низ шомил мебошанд.

ҶСК «Агроинвестбонк» соли 1992 таъсис дода шуда, яке аз бонкҳои пешрафтаи Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Сармояи бонк аз ҷониби шахсони воқеиву ҳуқуқӣ ва Бонки аврупоии таҷдиду рушд ташкил дода шуда, айни замон ҳаҷми сармояи саҳҳомии бонк ба 385 млн. сомонӣ баробар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.