Солҳои 2013-2014 БҶ ба Тоҷикистон 142 млн. $ маблағгузорӣ мекунад

Давоми солҳои 2013-2014 Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) барои Тоҷикистон 7 лоиҳа ба маблағи умумии 142 млн. доллари ИМА-ро маъқул шуморидааст. Бино ба маълумоти бонк, лоиҳаҳои ислоҳоти низоми маъмурии андозбандӣ (18 млн. $), бурси барномавӣ оид ба андешидани тадбирҳои сиёсат бо мақсади рушд (20 млн. $), лоиҳаи таъмини шуғли ҷомеа барои рушди устувори бахши кишоварзӣ ва идоракунии […]

Пайрав Чоршанбиев


Давоми солҳои 2013-2014 Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) барои Тоҷикистон 7 лоиҳа ба маблағи умумии 142 млн. доллари ИМА-ро маъқул шуморидааст.

Бино ба маълумоти бонк, лоиҳаҳои ислоҳоти низоми маъмурии андозбандӣ (18 млн. $), бурси барномавӣ оид ба андешидани тадбирҳои сиёсат бо мақсади рушд (20 млн. $), лоиҳаи таъмини шуғли ҷомеа барои рушди устувори бахши кишоварзӣ ва идоракунии захираҳои обӣ (46 млн. $) ва лоиҳаи беҳбуди хизматгузориҳо дар бахши тандурустӣ (23 млн. $) аз ҳисоби воситаҳои Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд (АБР) ва Фондҳои трастӣ маблағгузорӣ мешаванд.

Зикр мегардад, ки лоиҳаи идораи устувори экологии захираҳои замин ва беҳбуди таъминоти ҳаёт дар деҳот (17 млн. $), бурси чорум аз воситаҳои Фонди шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф (16 млн. $) ва лоиҳаи ислоҳоти баҳисобгирии муҳосибӣ дар сохтори давлатӣ (2 млн. $) пурра аз ҳисоби воситахои Фондҳои трастӣ маблағгузорӣ шуданд, ки ба сарфаи воситаҳои АБР барои дигар лоиҳаҳои афзалиятнок имкон додааст.

Ба иттилои бонк, ҳаҷми умумии маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои нав 71 млн. $ аз ҳисоби воситаҳои АБР, 66 млн. аз ҳисоби воситаҳои Фондҳои трастӣ ва 5 млн. $ аз ҳисоби воситаҳои ҳукумати ҶТ ва ҷамоатҳои маҳаллиро ташкил медиҳад.

Дар моҳи сентябри соли ҷорӣ сандуқи амалкунандаи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон аз 12 лоиҳа бо маблағи умумии 205,9 млн. $ иборат буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.