Хориҷ шудани вакили навбатӣ аз ҳайати Маҷиси намояндагон

Ба рӯзномаи ҷаласаи имрӯзаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ масъалаи хориҷ кардани вакил Амирбек Маҳмадалиев аз ҳайати палатаи поёнии парлумон ворид карда шудааст. Имрӯз ӯ ҳамчунин аз ҳайати кумитаи парлумон оид ба масоили иҷтимоӣ, оила ва тандурустӣ низ хориҷ карда мешавад. Ёдрас мекунем, ки дар робита бо фармони президенти мамлакат бобати ба вазифаи раиси ноҳияи […]

Аваз Юлдошев


Ба рӯзномаи ҷаласаи имрӯзаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ масъалаи хориҷ кардани вакил Амирбек Маҳмадалиев аз ҳайати палатаи поёнии парлумон ворид карда шудааст.

Имрӯз ӯ ҳамчунин аз ҳайати кумитаи парлумон оид ба масоили иҷтимоӣ, оила ва тандурустӣ низ хориҷ карда мешавад.

Ёдрас мекунем, ки дар робита бо фармони президенти мамлакат бобати ба вазифаи раиси ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон таъин шудани вакили палатаи поёнии парлумон Амрибек Маҳмадалиев, ӯ ваколатҳои худ дар МНМО ҶТ-ро месупорад.

Вакили МНМО ҶТ аз ҳавзаи интихоботии Сомонии шаҳри Душанбе, узви фраксияи ҲХДТ Марҳабо Ҷабборова низ ахири моҳи ноябр бинобар сабаби таъин шуданаш ба мансаби муовини нахуствазир аз ҳайати МНМО ҶТ хориҷ мегардад.

Дар ҳамин ҳол, Комиссияи марказии интихоб ва раъйпурсии Тоҷикистон то ҳанӯз санаи баргузории интихобот ба ҷойи вакилони аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ хориҷшударо муқаррар накардааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.