Афзоиши истеҳсоли масолеҳи сохтмон дар корхонаҳои ҷумҳурӣ

Дар зарфи 11 моҳи соли равон дар корхонаҳои масолеҳи сохтмон ба маблағи 414,6 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25,9 млн. сомонӣ зиёдтар мебошад. Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ,  дар ин давра 306,2 ҳазор тонна семент истеҳсол карда шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи […]

ASIA-Plus


Дар зарфи 11 моҳи соли равон дар корхонаҳои масолеҳи сохтмон ба маблағи 414,6 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25,9 млн. сомонӣ зиёдтар мебошад.

Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ,  дар ин давра 306,2 ҳазор тонна семент истеҳсол карда шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли пешин 85,3 ҳазор тонна зиёдтар аст.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Хадамоти гумрук, ҳаҷми воридти семент ба ҷумҳурӣ тайи 11 моҳи соли ҷорӣ 1 млн. 37 ҳазор тонна ба маблағи 99 млн. $-ро ташкил додааст. Дар маҷмӯъ талаботи Тоҷикистон ба семент ба 2-2,5 млн. тонна дар як сол баробар аст.

Давоми моҳҳои январ-ноябри соли равон дар Тоҷикистон 125 млн. дона хишт (11 млн. дона зиёдтар нисбат ба соли гузашта), 15 ҳазор метри мураббаъ плитаҳои сохтмонӣ (6,4 ҳазор метр бештар) ва 575,7 метри мукааб масолеҳи ғайримаъданӣ (204,3 метри мукааб бештар) истеҳсол шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳаҷми содироти хокаи квартсӣ дар ин давра 80,8 ҳазор тонна (79,3 ҳазор тонна дар соли 2012) ба маблағи 2 млн. $ ва масолеҳи лаку рангмолӣ 204 тонна (146 тонна дар соли 2012) ба маблағи 138,9 ҳазор $-ро ташкил додааст.

Зимнан зикр гардид, ки дар зарфи 11 моҳи соли равон дар қаламрави кишвар 26 корхонаи масолеҳи сохтмон мавриди истифода қарор гирифта, 921 нафар дар онҳо бо ҷойи корӣ таъмин шуданд. Айни замон дар Тоҷикистон 204 корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмон фаъолият мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.