Зайд Саидов ба 26 соли зиндон маҳкум шуд

Соҳибкори шинохта Зайд Саидов ба муҳлати 26 соли маҳрумият аз озодӣ бо мусодираи молу мулк маҳкум шуд. Ӯ дар муассисаи ислоҳии низомаш шадид адои ҷазо карда, то ба марҳилаи иҷро расидани ҳукмаш дар тавқифгоҳи тафтишотии КДАМ нигаҳдорӣ мешавад. Дар ин бора ба Хабаргузории «Азия-Плюс» ҳимоятгари ӯ Шуҳрат Қудратов иттилоъ дод. Номбурда барои шунидани ҳукми зерҳимояаш […]

ASIA-Plus



Соҳибкори шинохта Зайд Саидов ба муҳлати 26 соли маҳрумият аз озодӣ бо мусодираи молу мулк маҳкум шуд. Ӯ дар муассисаи ислоҳии низомаш шадид адои ҷазо карда, то ба марҳилаи иҷро расидани ҳукмаш дар тавқифгоҳи тафтишотии КДАМ нигаҳдорӣ мешавад.

Дар ин бора ба Хабаргузории «Азия-Плюс» ҳимоятгари ӯ Шуҳрат Қудратов иттилоъ дод. Номбурда барои шунидани ҳукми зерҳимояаш ба боздоштгоҳи тафтишотии КДАМ ҳозир гардида буд, ки мурофиаи додгоҳӣ тайи чанд моҳи охир дар он ҷараён дошт.

Ба қавли ҳимоятгар, Зайд Саидов аз рӯйи панҷ моддаи Кодекси ҷиноятии ҶТ

 – 138 (Таҷовуз ба номус), 131 (Ғайриқонунӣ 


маҳрум кардан 


аз озодӣ), 170 (Дузанагӣ ё серзанагӣ), 139 (Гирифтани пора) ва 247 (Қаллобӣ) гунаҳкор дониста шудааст.

«Аз рӯи дигар моддаҳои пешниҳодшуда суд ҷиҳати тафтишоти дубора таъинот содир намуд, зеро тибқи ин моддаҳо айби Саидов собит карда нашуд», – иброз дошт Қудратов.

Ҳимоятгарон дар рӯзҳои наздик аз болои ин ҳукм ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят хоҳанд бурд.

Мурофиаи судӣ нисбат ба Зайд Саидов рӯзи 12-уми сентябр оғоз гардида, пушти дарҳои баста дар бинои тавқифгоҳи тафтишотии (СИЗО)-и КДАМ ҷараён дошт.

Роҳбари гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов рӯзи 19-уми май дарҳол пас аз бозгашт аз Аврупо дар фурудгоҳи пойтахт боздошт шуда, ба Агентии зиддифасод мунтақил гардид.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия рӯзи 2-юми август дар бинои тавқифгоҳи КДАМ ба Зайд Саидов мутобиқи моддаҳои 319 (Гирифтани пора), 247 (Қаллобӣ), 170 (

Дузанагӣ ё серзанагӣ

), 250 (Тамаъҷӯӣ), 314 (Суистифодла аз ваколатҳои мансабӣ), 138 (Таҷовуз ба номус), 141 (Алоқаи ҷинсӣ бо шахсе, ки ҳануз ба синни 16-солагӣ нарасидааст) ва 124 (Ба исқоти ҳамл маҷбур сохтани зан)-и Кодекси ҷиноятии ҶТ айбнома пешниҳод кард.

Қаблан Зайд Саидов чандин маротиба изҳор карда буд, ки таъқиби ӯ ангезаи сиёсӣ дошта, ба нияти ӯ оид ба таъсиси ҳизби мухолиф марбут аст.


Зайд Саидов

on

Dipity

.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.