Нисбати гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби «Тоҷикистони нав», ки рӯзи 25-уми декабр ҷиҳати дастгирии соҳибкор Зайд Саидов дар назди тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ ҶТ ҳузур доштанд, протокол дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.
Айни замон Маҳмудҷон Қосимов, Мавҷуда Соҳибназарова ва чор нафар хешони соҳибкор барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ дар назди тавқифгоҳи муваққатии КДАМ зимни содир шудани ҳукм нисбати Зайд Саидов дар суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт қарор доранд.
Адвокати соҳибкор Шуҳрат Қудратов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки субҳи имрӯз онҳо ба шуъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт оварда шудаанд.
«Ин шахсон ҳамту дар қаламрави тавкифгоҳи муваққатӣ ҳузур доштанд. Онҳо ҳатто дар хотимаи содир шудани ҳукм омаданд ва тартиботи ҷамъиятиро вайрон накардаанд», – зикр кард Қудратов.
Ёдрас мекунем, ки маҳз Зайд Саидови рӯзи 25-уми декабр ба 26 соли зиндон маҳкумшуда ташаббускори таъсиси ҳизби нави сиёсии «Тоҷикистони нав» дониста мешуд.
Узви гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби сиёсии «Тоҷикистони нав» Маҳмудҷон Қосимов дар суҳбат бо журналистон изҳор намуд, ки онҳо ба амалисозии нақшаҳои Зайд Саидов оид ба таъсиси ҳизби сиёсӣ
идома мебахшанд.
«Дар яке аз ҷаласаҳои судӣ Зайд Саидов изҳор кард, ки дар куҷое қарор надошта бошад, ба кори худ идома медиҳад ва ин даъват аз мо, аз ҳамфикронаш буд. Ин маънои онро дорад, ки мо кӯшиш ба харҷ хоҳем дод, ки ба таври қонунӣ тибқи ҳуқуқҳои конститутсионии худ ин ҳизбро таъсис диҳем», – гуфт ҳуқуқшинос.



