Узви гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби нави сиёсии «Тоҷикистони нав», иқтисодчӣ Ҳоҷимуҳаммад Умаров изҳор мекунад, ки бо далелҳо дар бораи ҷинояткорони ҳақиқӣ ба президент муроҷиат намудан зарур аст.
Ба андешаи ӯ, ҷиноятҳое ҷой доранд, ки барои он 100 маротиба ҳукми парронидан мебояд дод ва «ин ҳам ҳоло кам хоҳад буд».
«Ман ба ҳукми суд нисбати Зайд Саидов розӣ нестам. Адвокатҳо бояд ба зинаҳои болоӣ муроҷиат кунанд ва агар онҳо ҳам ҳукмро бетағйир гузоранд, пас ба президент навиштан зарур аст. Дар муроҷиат ба президент далелҳо нисбати ҷинояткорони ҳақиқӣ дар Тоҷикистонро зикр кардан лозим аст», – гуфт Умаров дар мусоҳиба ба ОИ «Азия-Плюс».
Соҳибкори шинохта Зайд Саидов ба муҳлати
26 соли маҳрумият аз озодӣ
бо мусодираи молу мулк маҳкум шуд. Ӯ дар муассисаи ислоҳии низомаш шадид адои ҷазо карда, то ба марҳилаи иҷро расидани ҳукмаш дар тавқифгоҳи тафтишотии КДАМ нигаҳдорӣ мешавад.
Ҳимоятгарон дар рӯзҳои наздик аз болои ин ҳукм ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят хоҳанд бурд.



