Даргузашти собиқ вазири адлияи ҷумҳурӣ Халифабобо Ҳомидов

Шоми рӯзи якшанбе пас аз бемории тӯлонӣ собиқ вазири адлияи Тоҷикистон Халифабобо Ҳомидов дар синни 63-солагӣ аз олам даргузашт. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати адлияи ҶТ хабар доданд, нимаи имрӯз дар яке аз оромгоҳҳои пойтахт маросими дафни марҳум баргузор мешавад. Ахири солҳои 80-уми қарни гузашта Халифабобо Ҳомидов яке аз пешвоёни ҳаракати мардумии «Растохез» маҳсуб […]

ASIA-Plus


Шоми рӯзи якшанбе пас аз бемории тӯлонӣ собиқ вазири адлияи Тоҷикистон Халифабобо Ҳомидов дар синни 63-солагӣ аз олам даргузашт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати адлияи ҶТ хабар доданд, нимаи имрӯз дар яке аз оромгоҳҳои пойтахт маросими дафни марҳум баргузор мешавад.

Ахири солҳои 80-уми қарни гузашта Халифабобо Ҳомидов яке аз пешвоёни ҳаракати мардумии «Растохез» маҳсуб меёфт, ки он замон мухолифи сохти коммунистӣ дониста мешуд.

Халифабобо Ҳоимдов 2-юми январи соли 1950 дар деҳаи Қистакӯзи ноҳияи Хуҷанди вилояти Ленинобод (феълан ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд) ба дунё омадааст.

Хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Маскав (1973) аст. Номзади илми ҳуқуқшиносӣ.

Аз соли 1967 – сарвожатии пионерони мактаби миёнаи №34-и ноҳияи Хуҷанд.

Солҳои 1973-1990 – ёвар (ассистент), омӯзгор, мудири кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон.

Солҳои 1990-1992 – муовини аввали вазири адлияи Тоҷикистон.

Аз 12-уми декабри соли 1994 то 25-уми январи соли 2001 – мушовири давлатии президенти ҶТ оид ба робита бо парлумон ва масоили ҳуқуқӣ.

Моҳи июли 1997-2000 – дар як вақт узви зеркомиссияи масоили ҳуқуқии Комиссияи оштии миллӣ.

Вакили Маҷлиси намоянлдагони Маҷлиси Олии ҶТ (2000 – 1-уми марти соли 2001).

Намояндаи Маҷлиси намояндагон дар Шӯрои адлияи ҶТ (то моҳи июни соли 2001).

А3 25-уми январи соли 2001 – вазири адлияи Тоҷикистон.

Аз 30-юми ноябри соли 2006 бо фармони президенти Тоҷикистон бинобар вазъи солимиаш аз ин вазифа озод карда шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.