Тибқи маълумоти интишорнамудаи Бонки марказии Русия, давоми моҳҳои январ-сентябри соли гузашта тавассути низомҳои интиқол аз Русия ба кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) беш аз 15 млрд. доллари ИМА маблағи пулӣ равона гардидааст.
Дар ин давра аз Русия ба Тоҷикистон зиёда аз 3 млрд. ва ба Ӯзбекистон 4,9 млрд. доллари ИМА маблағи пулӣ интиқол гардидааст. Мақомҳои сеюму чорумро дар ин феҳрист Украина ва Қирғизистон ишғол мекунанд.
Маблағи пулии аз ҳама бештар барои як маротиба ба Қазоқистону Озарбойҷон (ҳудуди 19 ҳазор рубл барои 1 маротиба) ва аз ҳама камтар ба Қирғизистону Тоҷикистон (тақрибан 10 ҳазор рубл) интиқол дода шудаанд.
Тибқи маълумоти омории Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, ба аввали моҳи декабри соли 2013 ҳудуди 1,112 млн. нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия қарор доштанд. Бонки миллии Тоҷикистон бар ин назар аст, ки на камтар аз 95%-и ҳаҷми маблағҳои пулии аз Русия интиқолёфтаро маблағҳои муҳоҷирони корӣ ташкил медиҳанд. Айни замон аҳолии Тоҷикистон ба 8 млн. нафар баробар аст.
Кишварҳои пешсаф аз рӯйи ҳаҷми маблағҳои пулии аз хориҷи кишвар интиқолёфта ҳамоно Ҳиндустон (аз интиқоли ҳудуди 71 млрд. доллар интизорӣ меравад), Чин (60 млрд. доллар), Филиппин (26 млрд. доллар), Мексика (22 млрд. доллар ва Нигерия (21 млрд. доллар) боқӣ монда, ин панҷгона аллакай чандин сол аст, ки иваз намешавад.



