«Тоҷик Эйр» ҳавопаймои МА-60-ро ба Афғонистон дод

Ҳавопаймои МА-60-и истеҳсоли Чин, ки ахири соли 2011 аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» харида шуда буд, ба кишвари ҳамсояи Афғонистон ба лизинг дода шуд. Аз ҳукумати ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин маврид иттилоъ доданд, ки пас аз таъмир тасмим гирифта шудааст, ки ҳавопаймо ба лизинг супурда шавад. Қарори мазкури раҳбарияти ширкатро дар ҳукумат […]

Заррина Эргашева


Ҳавопаймои МА-60-и истеҳсоли Чин, ки ахири соли 2011 аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» харида шуда буд, ба кишвари ҳамсояи Афғонистон ба лизинг дода шуд.

Аз ҳукумати ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин маврид иттилоъ доданд, ки пас аз таъмир тасмим гирифта шудааст, ки ҳавопаймо ба лизинг супурда шавад.

Қарори мазкури раҳбарияти ширкатро дар ҳукумат шарҳ надоданд, вале аз худи ширкат тавзеҳ доданд, ки ин ҷо сари истифодаи муштараки ҳавопаймо бо ширкати ҳавопаймоии афғонии East Horizon Airlines ба муҳлати як сол сухан меравад.

«Ин моҳ хатсайри ҳавоии Душанбе-Кобул-Исломобод ифтитоҳ гардида, парвоз аз Душанбе то Кобулро «Тоҷик Эйр» ва аз Кобул то Исломободро ширкати афғонии East Horizon Airlines таъмин мекунад ва ҳамаи ҳайати сарнишинони ҳавопаймо мутахассисони ширкати тоҷикистонӣ мебошанд», – гуфтанд дар ширкат.

Зимнан зикр гардид, ки ин тасмим бо мақсади истифодаи пурсамари ҳавопаймо рӯйи кор омада, ширкати тоҷикистонӣ то ҳанӯз ба ширкати истеҳсолкунандаи ҳавопаймои МА-60 пардохтҳои лизингӣ анҷом медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки зимни нишасти хабарии ахири моҳи июли соли гузашта сардори Раёсати ҳавопаймоии граждании Вазорати нақлиёти ҶТ Алишер Рустамов изҳор карда буд, ки истифодаи ҳавопаймоии МА-60-и истеҳсоли Чин дар қаламрави Тоҷикистон

муваққатан боздошта шудааст

. Ба қавли ӯ, ду ҳафта қабл дар фурудгоҳи пойтахт ин навъи ҳавопаймо ногаҳон ба замин «фурӯравӣ»-ро оғоз намудааст. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.