Интиқоли беш аз 3 млрд. $ аз Русия ба Тоҷикистон дар зарфи 9 моҳ

Тибқи маълумоти интишорнамудаи Бонки марказии Русия, давоми моҳҳои январ-сентябри соли гузашта тавассути низомҳои интиқол аз Русия ба кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) беш аз 15 млрд. доллари ИМА маблағи пулӣ равона гардидааст. Дар ин давра аз Русия ба Тоҷикистон зиёда аз 3 млрд. ва ба Ӯзбекистон 4,9 млрд. доллари ИМА маблағи пулӣ интиқол гардидааст. […]

ASIA-Plus


Тибқи маълумоти интишорнамудаи Бонки марказии Русия, давоми моҳҳои январ-сентябри соли гузашта тавассути низомҳои интиқол аз Русия ба кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) беш аз 15 млрд. доллари ИМА маблағи пулӣ равона гардидааст.

Дар ин давра аз Русия ба Тоҷикистон зиёда аз 3 млрд. ва ба Ӯзбекистон 4,9 млрд. доллари ИМА маблағи пулӣ интиқол гардидааст. Мақомҳои сеюму чорумро дар ин феҳрист Украина ва Қирғизистон ишғол мекунанд.

Маблағи пулии аз ҳама бештар барои як маротиба ба Қазоқистону Озарбойҷон (ҳудуди 19 ҳазор рубл барои 1 маротиба) ва аз ҳама камтар ба Қирғизистону Тоҷикистон (тақрибан 10 ҳазор рубл) интиқол дода шудаанд.

Тибқи маълумоти омории Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, ба аввали моҳи декабри соли 2013 ҳудуди 1,112 млн. нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия қарор доштанд. Бонки миллии Тоҷикистон бар ин назар аст, ки на камтар аз 95%-и ҳаҷми маблағҳои пулии аз Русия интиқолёфтаро маблағҳои муҳоҷирони корӣ ташкил медиҳанд. Айни замон аҳолии Тоҷикистон ба 8 млн. нафар баробар аст.

Кишварҳои пешсаф аз рӯйи ҳаҷми маблағҳои пулии аз хориҷи кишвар интиқолёфта ҳамоно Ҳиндустон (аз интиқоли ҳудуди 71 млрд. доллар интизорӣ меравад), Чин (60 млрд. доллар), Филиппин (26 млрд. доллар), Мексика (22 млрд. доллар ва Нигерия (21 млрд. доллар) боқӣ монда, ин панҷгона аллакай чандин сол аст, ки иваз намешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.