Таъсиси боз як бонки нав дар Тоҷикистон


Шумораи бонкҳои низоми бонкии мамлакат ба як адад афзоиш ёфта, миқдори онҳо ба 17 адад баробар шуд.

Бино ба иттилои хадамот матбуот Бонки миллии ҷумҳурӣ, бо қарори Раёсати БМТ аз 3 январи соли 2014, Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи Ташкилоти амонатии қарзии хурд “Спитамен Капитал” ба Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Спитамен Бонк” табдил дода шуда, ба вай иҷозатнома барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дода шуд.

Гуфта мешавад, ҳамчунин, тибқи Қарори мазкур барои ба вазифаҳои роҳбарикунандаи бонки навтаъсис таъин намудани мутахассисони соҳибтаҷрибаи соҳаи бонкӣ розигӣ дода шуд.

ҶСК Ташкилоти амонатии қарзии хурди «Спитамен Капитал» соли 2008 таъсис ва ба даҳгонаи бузургтарин ташкилотҳои ин соҳа шомил буд. Ташкилот бо сармоя дар ҳаҷми 686 ҳазор сомонӣ ба фаъолият пардохта, аллакай аввали соли 2013 ҳаҷми сармояи он 51,4 млн. сомониро ташкил дод. Сандуқи қарзии ташкилот ба аввали соли 2013 ба 18,5 млн. сомонӣ баробар буд.

spot_imgspot_img

Популярное