Дар шарҳи масъалаи эҳтимоли қатъи фаъолияти ягона агрегати мавриди истифода қарордоштаи нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» дар ширкати «Барқи тоҷик» изҳор намуданд, ки истеҳсоли нерӯи барқ дар низоми электроэнергетикаи ҷумҳурӣ усутвор буда, оид ба ин масъала имрӯз мушкилоте ҷой надорад.
Сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик» Нозир Ёдгорӣ дар ин робита изҳор намуд, ки аз вазъ дар нерӯгоҳи мазкур огаҳӣ надоранд, «аммо вазъи умумии низоми энергетикии кишварро пайгирӣ дошта, шабонарӯзи ахир ҳеҷ мушкилоте дар ин самт пеш наомадааст».
Ҳамин тариқ, дар «Барқи тоҷик» маълумот дар бораи аз фаъолият бозмондани нерӯгоҳи «Сангтӯда-2»-ро тасдиқ ҳам накарданду инкор ҳам. Дар ширкати «Сангоб», корхонаи масъули идораи нерӯгоҳ низ вазъи мавҷударо шарҳ доданӣ нестанд.
Саид Асғарӣ, намояндаи ширкати «Сангоб» дар Тоҷикистон аз шарҳи қазия худдорӣ варзида, изҳор кард, ки бо ин масъала ба ширкати «Барқи тоҷик» мебояд муроҷиат кард.
Дар навбати худ, Ёдгорӣ аз шарҳи масъалаи қарздории ширкати «Барқи тоҷик» ба нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» низ худдорӣ варзид, ки тибқи маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, имрӯз ба 133 млн. сомонӣ (27,8 млн. $ ) расидааст.
Дар ширкати «Барқи тоҷик» чӣ гуна ҳал шудани масъалаи пардохти қарз, таҳияи реҷа ва ҳаҷми пардохти марҳила ба марҳилаи онро низ шарҳ надоданд.
«Нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» корхона алоҳида аст ва мо ба онҳо ҷавобгӯ нестем», – мегӯяд Ёдгорӣ ва ин ҳам дар ҳолест, ки тамоми нерӯи барқи дар ин нерӯгоҳ истеҳсолшуда баҳри эҳтиёҷоти Тоҷикистон – ба низоми энергетики ягонаи ҷумҳурӣ равона гардида, бевосита аз ҷониби ширкати «Барқи тоҷик» тақсим карда мешавад.
«Муҳим он аст, ки интиқоли нерӯи барқ идома дошта, лимити истифодаи барқи аз ҷониби ҳукумат тасдиқшуда риоя мешавад, – иброз дошт – сухангӯи ширкат. – Лимит на аз рӯи соат, балки аз рӯи кВт/соат риоя мешавад, яъне ба ин ё он минтақа ҳаҷми муайяни барқ интикол дода шуда, мақомоти иҷроияи ин маҳал мувофиқи салоҳдиди худ онро тақсим мекунад».
Қаблан иттилоъ дода будем, ки қарзи Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» ба нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» имрӯз аллакай ба 133 млн. сомонӣ (27,8 млн. $) расида, дар баробари нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» раҳбарияти нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» низ аз ширкати «Барқи тоҷик» тақозо намуд, ки қарзро тадриҷан пардохт кунад, вагарна нерӯгоҳ аз низоми ягонаи энергетикии Тоҷикистон ҷудо гардида, фаъолияти худро
қатъ мекунад.


