Ховалинг: Маҷбур намудан ба тарки сафҳои ҲНИТ барои маълумотнома

Date:


Масъулини ҷамоати Чонбахт»-и ноҳияи Ховалинг барои додани маълумотнома як сокини маҳаллиро ба тарки сафҳои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон маҷбур кардаанд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, падари ҳамин оила гуфтааст, агар фарзандашро аз ҳизб набарорад, мушкилот болои наберагонаш сар мезадааст, зеро фарзандаш барои гирифтани маълумотнома аз ҷои истиқомат назди раиси ҷамоъат рафта, дархост намудааст, вале раиси ҷамоъат рад карда гуфтаааст, ки «агар аз Ҳизби Наҳзат расман набароед барои шумо маълумотнома дода намешавад».

Гуфта мешавад, ӯ ба пеши масъулини наҳзат дар ноҳияи мазкур омада шикоят намудааст, ки бо ҳамин сабаб қасди тарк намудани Наҳзатро надорад, вале хоҳиш намудааст, ки фарзандашро аз сафи ҳизб хориҷ намоянд.

Масъули бахши ҳизбии ноҳия гуфтааст, «мо ҳам ноилоҷ маълумотномаи аз ҳизб хориҷ шудани номбурдаро додем. Вале дар ҳоле, ки мо дар кишвари демократӣ ва ҳуқуқбунёд зиндагонӣ дорем, ин ноадолатиҳо чаро бояд хотима наёбад?».

Дар ҳамин ҳол, раҳбарияти ҲНИТ бар ин назар аст, ки фишори афзоянда болои ҳизб ба рӯҳияи «Протоколи 32-20» созгор аст, ки стенограммаи ҷаласаи махфии ҳукумати ҷумҳурӣ номида шуда, баҳори соли 2012 ба ВАО роҳ ёфт. Тибқи ин ҳуҷҷат, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супориш дода шуд, ки ҷиҳати бадномкунии ҲНИТ ва аъзои он ва ҳамчунин роҳҳои аз сафҳои ҳизб хориҷ шудани аъзои он тадбирҳо андешанд.

Қобили зикр аст, ки феълан шумори аъзои ҲНИТ дар саросари кишвар беш аз 40 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Аз соли 2000 ду тан аз намояндагони ҲНИТ дар палатаи поёнии парлумони кишвар фаъолият доранд. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related