Қотилони муҳоҷири тоҷик дар Чита то ҳанӯз дарёфт нашудаанд

Ба муфаттишони кишвари Забайкалйеи Русия то ҳанӯз муяссар нашуд, ки гумонбарони қатли муҳоҷири кории тоҷик дар Чита рӯзи 2-юми январро муайян созанд. Бино ба маълумоти мақомоти тафтишот, дар муайян кардани гумонбарони ин ҳодиса муфаттишон аз аҳолии кишвари Забайкалйе кумак дархост намуда, бо гарави ифшо накардани ному насаб хоҳиш  кардаанд, ки дар сурати ягон маълумоте доштан […]

ASIA-Plus


Ба муфаттишони кишвари Забайкалйеи Русия то ҳанӯз муяссар нашуд, ки гумонбарони қатли муҳоҷири кории тоҷик дар Чита рӯзи 2-юми январро муайян созанд.

Бино ба маълумоти мақомоти тафтишот, дар муайян кардани гумонбарони ин ҳодиса муфаттишон аз аҳолии кишвари Забайкалйе кумак дархост намуда, бо гарави ифшо накардани ному насаб хоҳиш  кардаанд, ки дар сурати ягон маълумоте доштан дар ин бора бо телефонҳои 8(3022) 32-09-71 ё 02 занг зананд.

Зикр мегардад, ки дар давраи сипаришуда муфаттишон ва кормандони фаврии мақомоти пулис ҷиҳати муайян кардани гумонбарони ин ҷиноят чорабиниҳои зиёди тафтишотӣ анҷом додаанд.

«Муфаттишон тамоми ҷузъиёти ҷойи ҳодисаро таҳқиқ намуда, тирҳоро мусодира ва ба тамоми чизҳову ашёи аз ҷойи ҳодиса мусодирашуда ташхисҳои судӣ таъин карданд, аммо то ҳанӯз муайян кардани шахсияти гумонбарон ва шоҳидони содир шудани ҷиноят муяссар нагардид», – иттилоъ медиҳад пулиси кишвари Забайкалйе.

Ёдрас мекунем, ки

рӯзи 2-юми январи соли равон

дар шаҳри Читаи Русия як муҳоҷири кории тоҷик бо истифода аз силоҳи оташфишон ба қатл расонида шуда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.