Туҳфаи солинавии Бонки Эсхата ба сокинони Восеъ

Сокинони ноҳияи Восеи вилояти Хатлон дар арафаи Соли Нав соҳиби тӯҳфаи арзанда гардиданд. Бонки Эсхата дар ин мавзеъ филиали худро ифтитоҳ намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки Эсхата, минбаъд кори сокинони ноҳия дар хизматрасонии бонкӣ боз ҳам осон гардид, зеро дар ин ҷо ҳамаи амалиётҳои ҳисоббаробаркунию хазинавӣ, кабули амонатҳо кор бо кортҳои пластикӣ, интиқоли […]

ASIA-Plus


Сокинони ноҳияи Восеи вилояти Хатлон дар арафаи Соли Нав соҳиби тӯҳфаи арзанда гардиданд. Бонки Эсхата дар ин мавзеъ филиали худро ифтитоҳ намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки Эсхата, минбаъд кори сокинони ноҳия дар хизматрасонии бонкӣ боз ҳам осон гардид, зеро дар ин ҷо ҳамаи амалиётҳои ҳисоббаробаркунию хазинавӣ, кабули амонатҳо кор бо кортҳои пластикӣ, интиқоли пулӣ ҳам дар дохили ҷумҳурӣ ва ҳам берун аз он гузаронида шуда, маблағҳои қарзӣ барои рушди соҳибкорӣ ва мақсадҳои истеъмолӣ дода мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, дар ин бора сардори Департаменти молия, аъзои раёсати бонк Толибджон Исроилов дар маросими кушодашавии филиал маълумот додааст. Раиси ноҳияи Восеъ Рустам Латипов ҳамзамон ифтитоҳи филиалро дар ин ноҳия аз татбиқи супоришҳои роҳбарияти ҷумҳурӣ оид ба таъмин намудани дастрасии мардум ба хизматрасониҳои бонкӣ арзёбӣ намуд.

Гуфта мешавад, дар ҷамъомади тантанавӣ меҳмонон аз ҷамоатҳо, ҳамкорон ва мизоҷони бонк ҳузур дошта, барои чунин тӯҳфаи солинавӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.