Супориши раиси пойтахт оид ба танзими пахши мусиқӣ дар нақлиёт

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти шаҳрдорӣ оид ба  танзими пахши садои мусиқӣ дар воситаҳои нақлиёти истифодаи умум дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе қарор ба имзо расонид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, Маҳмадсаид Убайдуллоев ба хадамоти дахлдори шаҳр ҷиҳати андешидани тадбирҳо оид ба роҳ надодан ба […]

ASIA-Plus


Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти шаҳрдорӣ оид ба  танзими пахши садои мусиқӣ дар воситаҳои нақлиёти истифодаи умум дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе қарор ба имзо расонид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, Маҳмадсаид Убайдуллоев ба хадамоти дахлдори шаҳр ҷиҳати андешидани тадбирҳо оид ба роҳ надодан ба истифодаи мусиқии бегона ба арзишҳои миллӣ ва инсонӣ дар воситаҳои нақлиёти истифодаи умуми шаҳр дастуру супоришҳо дод.

«Раиси пойтахт ба муовини худ Абдулҳақ Оев, раҳбарияти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе супориш дод, ки баҳри муайян намудани ҳолати воқеии пахши садои мусиқӣ дар воситаҳои нақлиёти истифодаи умум рейдҳои муштарак доир намуда, ин масъаларо таҳти назорати ҷиддӣ қарор диҳанд», – иттилоъ медиҳад мақомоти шаҳрдорӣ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.