БМТ сабаби камбудиҳо дар кори банкоматҳоро шарҳ дод

Сокинони шаҳрҳои нисбатан бузурги Тоҷикистон ба Бонки миллии ҷумҳурӣ дар робита ба кори ғайриқаноатбахши банкоматҳои бонкҳои пешсафи ҷуҳурӣ шикоят карданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, тайи ҳафтаи гузашта тариқи телефони боварӣ оид ба ин масъала шикояту пешниҳодҳо расидаанд. Ба иттилои манбаъ, аз ҷумла, шаҳрвандони шаҳрҳои Душанбе, Қурғонтеппа ва Кӯлоб оид ба кор накардани банкоматҳои […]

ASIA-Plus


Сокинони шаҳрҳои нисбатан бузурги Тоҷикистон ба Бонки миллии ҷумҳурӣ дар робита ба кори ғайриқаноатбахши банкоматҳои бонкҳои пешсафи ҷуҳурӣ шикоят карданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, тайи ҳафтаи гузашта тариқи телефони боварӣ оид ба ин масъала шикояту пешниҳодҳо расидаанд.

Ба иттилои манбаъ, аз ҷумла, шаҳрвандони шаҳрҳои Душанбе, Қурғонтеппа ва Кӯлоб оид ба кор накардани банкоматҳои бонкҳои ҶСК “Агроинвестбонк”, ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”, БДА “Амонатбонк”, мавҷуд набудани пули нақд ва пеш омадани мушкилот ҳангоми гирифтани маблағ дар онҳо шикоят намуданд.

«Дар ҳамкорӣ бо кормандони масъули бонкҳои хизматгузор масъалаҳои ба миён омада бо андешидани чораҳои фаврӣ ҳал гардида, бо кӯшишҳои муштараки масъулин дар муддати аз як то якуним соат банокматҳо дубора фаъол гардонида шуданд», – омадааст дар хабари БМТ.

Ҳамчунин гуфта мешавад, маълум гардидааст, ки банкоматҳои мазкур бинобар сабаби қатъ шудани барқ ва нуқсони техникӣ муваққатан аз фаъолият бозмонда будаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.