Э.Раҳмон навбати аввали МБГ Душанбе-2-ро ба кор даровард

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи сохтмони маркази нави барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ташриф оварда, навбати аввали онро бо иқтидори 50 мегаватт/соат нерӯи барқ мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суханронӣ дар ин маросим Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки иншооти мазкур барои ҷумҳурӣ муҳим буда, сокинони пойтахтро бо […]

ASIA-Plus


Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи сохтмони маркази нави барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ташриф оварда, навбати аввали онро бо иқтидори 50 мегаватт/соат нерӯи барқ мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суханронӣ дар ин маросим Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки иншооти мазкур барои ҷумҳурӣ муҳим буда, сокинони пойтахтро бо ин рӯйдоди фараҳбахш самимона табрик намуд. Президенти мамлакат ба муҳандисон, бинокорон ва роҳбарони иншоот изҳори миннатдорӣ кард.

«Мехоҳам як масъалаи муҳимро махсус хотирнишон созам, ки дар корхона бо истифода аз дастовардҳои навтарин ва усулҳои муосири техникиву технологӣ барои безараргардонии партов, яъне меъёрҳои замонавии экологӣ ҳамаи тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, қаблан дуди ангишт аз полоиши барқӣ ё электрофилтр гузаронида мешавад ва баъдан тавассути дастгоҳи махсус поксозӣ шуда, 99,8 фоиз безарар гардонида мешавад, ки ин нишондиҳанда ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқат менамояд», – гуфт президент.

Сарвари давлат изҳор намуд, ки навбати аввали марказ иқтидори истеҳсоли 1 миллиону 250 ҳазор киловатт-соат нерӯи барқро дорад, ки чунин иқтидор дар шароити камчинии нерӯи барқ кумаки хеле зиёд ба шабакаҳои барқи кишвар мебошад ва тибқи нақша, навбати дуюми марказ то охири нимсолаи якуми соли ҷорӣ ба истифода супорида мешавад.

Зимнан зикр гардид, ки дар натиҷаи ба фаъолият оғоз кардани корхонаи имрӯза хатти интиқоли барқи баландшиддати 220-киловолтаи он ба зеристгоҳи “Душанбе-500” пайваст шуда, корҳо ҷиҳати пайвастани шоҳқубури гармидиҳӣ то қубурҳои мавҷудаи гармигузаронии шаҳр ба масофаи зиёда аз се километр ва дигар иншооту биноҳои маъмурии марказ идома дода мешаванд.

«Ба ҳолати аввали соли 2013 дар шаҳри Душанбе наздики 8,2 миллион метри мураббаъ манзили истиқоматӣ мавҷуд буда, бо дарназардошти пурра ба фаъолият оғоз кардани Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 имконият пайдо мешавад, ки иловатан боз 40 фоизи аҳолии пойтахт бо гармӣ таъмин карда шавад», – изҳор кард сарвари давлат.

Ёдрас мекунем, ки Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе»-2» дар доираи созишномаи сеҷониба миёни Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, ҶСК «ТВЕА» (Чин) ва ҶДММ «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳкорӣ» бунёд гардида, аз ҳисоби қарзи бонкҳои «Эксимбонк» ва Бонки рушди Чин маблағгузорӣ мешавад. Арзиши лоиҳавии МБГ Душанбе-2 30 млн. доллари ИМА арзёбӣ мешавад.

Қобили зикр аст, ки марказ аз ду навбат 50 МВт иборат аст. Барои кори 1 дег дар 1 соат 31 тонна, дар як шабонарӯз 744 тонна ва дар як моҳ 22 ҳазору 320 тонна ангишт лозим аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.