БМТ сабаби камбудиҳо дар кори банкоматҳоро шарҳ дод

Date:


Сокинони шаҳрҳои нисбатан бузурги Тоҷикистон ба Бонки миллии ҷумҳурӣ дар робита ба кори ғайриқаноатбахши банкоматҳои бонкҳои пешсафи ҷуҳурӣ шикоят карданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, тайи ҳафтаи гузашта тариқи телефони боварӣ оид ба ин масъала шикояту пешниҳодҳо расидаанд.

Ба иттилои манбаъ, аз ҷумла, шаҳрвандони шаҳрҳои Душанбе, Қурғонтеппа ва Кӯлоб оид ба кор накардани банкоматҳои бонкҳои ҶСК “Агроинвестбонк”, ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”, БДА “Амонатбонк”, мавҷуд набудани пули нақд ва пеш омадани мушкилот ҳангоми гирифтани маблағ дар онҳо шикоят намуданд.

«Дар ҳамкорӣ бо кормандони масъули бонкҳои хизматгузор масъалаҳои ба миён омада бо андешидани чораҳои фаврӣ ҳал гардида, бо кӯшишҳои муштараки масъулин дар муддати аз як то якуним соат банокматҳо дубора фаъол гардонида шуданд», – омадааст дар хабари БМТ.

Ҳамчунин гуфта мешавад, маълум гардидааст, ки банкоматҳои мазкур бинобар сабаби қатъ шудани барқ ва нуқсони техникӣ муваққатан аз фаъолият бозмонда будаанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...