Туҳфаи солинавии Бонки Эсхата ба сокинони Восеъ

Date:


Сокинони ноҳияи Восеи вилояти Хатлон дар арафаи Соли Нав соҳиби тӯҳфаи арзанда гардиданд. Бонки Эсхата дар ин мавзеъ филиали худро ифтитоҳ намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки Эсхата, минбаъд кори сокинони ноҳия дар хизматрасонии бонкӣ боз ҳам осон гардид, зеро дар ин ҷо ҳамаи амалиётҳои ҳисоббаробаркунию хазинавӣ, кабули амонатҳо кор бо кортҳои пластикӣ, интиқоли пулӣ ҳам дар дохили ҷумҳурӣ ва ҳам берун аз он гузаронида шуда, маблағҳои қарзӣ барои рушди соҳибкорӣ ва мақсадҳои истеъмолӣ дода мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, дар ин бора сардори Департаменти молия, аъзои раёсати бонк Толибджон Исроилов дар маросими кушодашавии филиал маълумот додааст. Раиси ноҳияи Восеъ Рустам Латипов ҳамзамон ифтитоҳи филиалро дар ин ноҳия аз татбиқи супоришҳои роҳбарияти ҷумҳурӣ оид ба таъмин намудани дастрасии мардум ба хизматрасониҳои бонкӣ арзёбӣ намуд.

Гуфта мешавад, дар ҷамъомади тантанавӣ меҳмонон аз ҷамоатҳо, ҳамкорон ва мизоҷони бонк ҳузур дошта, барои чунин тӯҳфаи солинавӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...