Дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати корҳои дохилӣ аз фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ ва Қӯшунҳои дохилӣ дар соли 2013 натиҷагирӣ шуд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, зимни суханронӣ дар ифтитоҳи ҷаласа вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ генерал-майори милиса Рамазон Раҳимов таъкид намуд, ки «соли 2013 соли баргузории як қатор чорабиниҳои муҳими сиёсӣ ва байналмилалӣ буд, ки дар он кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ тартибот ва амнияти ҷомеаро таъмин карда тавонистанд».
Ба иттилои манбаъ, муовини аввали вазири корҳои дохилии ҶТ генерал-майори милиса Абдураҳмон Бузмаков зикр кард, ки дар ин давра бо дастгирӣ ва ғамхориҳои сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои кормандони мақомот 30 ҳуҷраи истиқоматӣ-хизматӣ, 49 автомашинаи сабукрави хизматӣ барои ВКД ва кӯмакҳои моддӣ ҷудо карда шуда, дар ин муддат 39 иншооти нав бунёд ва 116 иншоотҳо аз нав таъмиру тармим карда шуданд.
Бузмаков вобаста ба ҳаматарафа иҷро нагардидани фармони президенти Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва тавсеаи ҳамкории онҳо бо аҳолӣ» аз ҷониби баъзе масъулин ибрози назар намуд.
Гуфта мешавад, дар ҷаласаи ҳайати мушовараи ВКД ҶТ нақшаҳои чорабиниҳои асосии вазорат барои соли 2014 ва санаи ҷаласаи ҳайати мушовара оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли равон тасдиқ карда шуданд.



