Ба нишастҳои хабарии Хатлон раиси вилоят ҳусни оғоз мебахшад

Нимаи дуюми имрӯз ба нишастҳои хабарии ҷамъбасти сол дар вилояти Хатлон раиси вилоят Давлатшо Гулмаҳмадов ҳусни оғоз мебахшад. Чуноне ки аз маркази матбуотии раиси вилояти Хатлон хабар доданд имрӯз соати 15:00 дар бинои ҳукумати вилояти Хатлон нишасти матбуотии раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадов доир мегардад. Ба гуфти манбаъ, ба ин нишаст намояндагони васоити ахбори умуми […]

Сайраҳмон Назриев


Нимаи дуюми имрӯз ба нишастҳои хабарии ҷамъбасти сол дар вилояти Хатлон раиси вилоят Давлатшо Гулмаҳмадов ҳусни оғоз мебахшад.

Чуноне ки аз маркази матбуотии раиси вилояти Хатлон хабар доданд имрӯз соати 15:00 дар бинои ҳукумати вилояти Хатлон нишасти матбуотии раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадов доир мегардад.

Ба гуфти манбаъ, ба ин нишаст намояндагони васоити ахбори умуми маҳаллӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналминалӣ даъват шудаанд. «Ҳамчунин дар нишаст хабарии раиси вилоят роҳбарони ташкилоту идораҳои вилоят низ ширкат хоҳанд варзид», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки имрӯз соати 9:00 дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи ҷамъбасти солонаи хоҷагии халқи вилоят оғоз гардида, дар он натиҷаҳои фаъолияти хоҷагии халқи вилоят дар соли гузашта ва нақшаҳо барои соли 2014 мавриди баррасӣ қарор мегиранд. «Дар ин ҷаласа роҳбарони шаҳру навоҳии вилоят ва сардорони ташкилоту идораҳо иштирок доранд», – афзуд манбаъ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.