Легионери беҳтарини «Равшан» ба дастаи «Истиқлол» гузашт

spot_imgspot_img

Дата:


Нимҳимоятгари 22-солаи ганагӣ Дэвид Мауто, ки ду мавсими ахир дар дастаи «Равшан»-и Кулоб ҳунарнамоӣ карда, бо ин даста ду маротиба ба унвони чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол шарафёб гардид, ба дастаи «Истиқлол»-и Душанбе гузашт.

Бино ба иттилои сомонаи расмии дастаи «Истиқлол», бо Дэвид Мауто ба муҳлати як сол қарордод баста шуда, ӯ барои худ рақами 14-умро интихоб кардааст. «Субҳи рӯзи якшанбе нимҳимоятгар ба Гана раҳсипор шуда, санаи 20-уми январ ба даста ҳамроҳ мешавад», – менависад сомонаи даста.

Қобили зикр аст, ки дар мавсими футболи соли 2013-и Тоҷикистон Дэвид Мауто легионери беҳтарин дониста шуд. Ғайр аз ин, тибқи натиҷагирии ҳафтавори «Варзиш-Спорт», футболбози Гана беҳтарин бозигари мавсими соли 2013-и футболи Тоҷикистон эътироф карда шуд.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...